
«Гуноҳи рӯзноманигорони зиндонӣ танҳо иҷрои вазифаи касбӣ буд”
Муҳаммадҷон Кабиров дар симпозиуми пажӯҳишӣ дар Олмон аз сарнавишти рӯзноманигорони тоҷик дар табъид ва зиндон гуфт.
Манбаъ: azda.tv
20-уми майи соли 2025 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон симпозиуми байналмилалии пажӯҳишӣ таҳти унвони «Symposium on Exile Journalism Research» (Симпозиуми пажӯҳиш дар бораи рӯзноманигории табъидӣ) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш мудири расонаи мустақили Azda TV, Муҳаммадҷон Кабиров, иштирок ва суханронӣ намуд.
Симпозиум бо ташаббуси Бунёди Körber Stiftung баргузор шуда, ба баррасии таҷриба, таҳдидҳо ва имкониятҳои рӯзноманигорони маҷбур ба муҳоҷират аз кишварҳои авторитарӣ, аз ҷумла Русия, Сурия, Никарагуа ва Туркия, бахшида шуда буд. Дар он муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳо ва коршиносон натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ карданд.
Муҳаммадҷон Кабиров бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Tajik Journalists in Exile: Challenges, Opportunities, and Risks» (Рӯзноманигорони тоҷик дар табъид: душвориҳо, фурсатҳо ва таҳдидҳо) дар назди ҳозирин баромад кард.
Тавре azda.tv хабар медиҳад, суханронии Кабиров асосан ба шароити рӯзноманигорони тоҷик дар хориҷи кишвар бахшида шуда бошад ҳам, дар оғоз ӯ бо ёдоварӣ аз рӯзноманигорони зиндонии тоҷик суханронӣ кард.
Аз ҷумла, вай ба парвандаҳои рӯзноманигорони зани маҳкумшуда Улфатхоним Мамадшоева ва Рухшона Ҳакимова ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохта пушти дарҳои баста муҳокима ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Хонум Мамадшоева ба 21 сол ва Ҳакимова ба 8 сол. Вай таъкид кард, ки ҷудо кардани кӯдаки ширхора аз модараш як рафтори ғайриинсонӣ мебошад.
Кабиров инчунин аз рӯзноманигорони дигари зиндонии тоҷик, аз ҷумла:
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Аҳмад Иброҳим, Далер Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Хушрӯз Чумаев ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин афрод танҳо барои фаъолияти касбии рӯзноманигорӣ ва талош барои расонидани ҳақиқат ба ҷомеа маҳкум ба зиндон шудаанд.
Дар суҳбате, ки Кабиров рӯзи 21-уми май дар ин бора бо Azda TV анҷом додааст, ӯ изҳор дошт, ки:
“Мутаассифона, дар бораи рӯзноманигорони зиндонии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони дар табъид маълумот хеле кам аст. Дар доираи коршиносони умури расона ва рӯзноманигорони ғарбӣ низ дар ин бора огоҳии кофӣ вуҷуд надорад.”
Кабиров ҳамчунин таъкид кардааст:
“Озодии баён санги бунёди ҷомеаи озод ва мардумсолор мебошад ва барои сохтани чунин ҷомеа бояд бештар талош кард.”
Ин симпозиум яке аз майдонҳои муҳим дар Аврупо маҳсуб мешавад, ки ба омӯзиш ва ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорони дар табъид қарордошта бахшида шудааст. Ҳузури Муҳаммадҷон Кабиров дар он имкони муҳим барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи рӯзноманигории тоҷик буд.
Average Rating