
Ҳушдори ҷиддии Канада, Британияи Кабир ва Фаронса ба «Исроил»
Канада, Британияи Кабир ва Фаронса ба Исроил ҳушдори ҷиддӣ доданд
20 майи соли 2025 се кишвари қудратманд — Канада, Британияи Кабир ва Фаронса бо як изҳороти муштарак ба Исроил ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи амалиёти низомӣ дар навори Ғазза ва маҳдуд кардани расонидани кӯмакҳои башардӯстона, бо таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Дар ин изҳорот, ки дар сомонаи расмии ин кишварҳо нашр шудааст, гуфта мешавад: «Мо қотеона мухолифи густариши амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза ҳастем. Мизони ранҷу азобҳои инсонӣ дар минтақа ғайриқобили таҳаммул мебошад. Эъломияҳо дар бораи иҷозати расонидани ҳаҷми маҳдуди кӯмакҳои башардӯстона комилан нокифояанд».
Муаллифони изҳорот аз Исроил талаб кардаанд, ки фавран амалиёти низомиро қатъ намуда, интиқоли озоди кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумла дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Милали Муттаҳидро таъмин намояд.
Инчунин, изҳороти бархе аз сиёсатмадорони исроилӣ дар бораи эҳтимоли кӯч додани фаластиниён шадидан маҳкум гардид. Ба гуфтаи се кишвар, кӯч додани маҷбурии аҳолӣ мухолифи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл артиши Исроил оғози марҳилаи аввали амалиёти нави низомӣ дар Ғаззаро зери унвони «Ароба (Колёсница) Гидеон» эълон карда буд.
Average Rating