Turan Tales: «Парвандаи Раҳмон дар ГААГА имтиҳонест барои низоми адолати байналмилалӣ»

Ба дигарон фиристед

Дар охирин нашри подкасти «Turan Tales«, рӯзноманигор Агнешка Пикулитска (Agnieszka Pikulicka —Ага Пик) бо муҳаққиқи шинохтаи ҳуқуқи инсон ва устоди донишгоҳ дар ИМА, Стив Свердлоу суҳбате анҷом дод, ки ба вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон ва парвандаи ифтитоҳшуда алайҳи ин кишвар дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (ICC) бахшида шудааст.

Суҳбат дар замоне пахш шуд, ки таъқибу шиканҷа, фишор болои мухолифони сиёсӣ ва маҳдудсозии озодиҳои бунёдии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба таври доимӣ ва мунтазам густариш меёбад. Ба гуфтаи Свердлоу, гурӯҳҳои мухолиф дар муҳити муҳоҷират, ки шуморе аз онҳо қурбонии шиканҷа ва таъқиб шудаанд, бо кумаки ҳуқуқшиносони байналмилалӣ парвандаро алайҳи мақомоти Тоҷикистон дар Додгоҳи ҷиноии Гаага сабт кардаанд.

Стив Сверлоу

Свердлоу таъкид мекунад, ки ин иқдом рамзӣ нест, балки як талоши воқеӣ барои истифодаи воситаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо мақсади таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқи қурбониён ва ҷалби масъулияти шахсони мансабдор мебошад. Ба гуфтаи ӯ, “муроҷиат ба ICC як имтиҳонест барои низоми адолати байналмилалӣ, ки то куҷо омода аст дар шароити беҷазоии фарогир вокуниши воқеӣ нишон диҳад”.

Мавзӯи парванда, ки тибқи маълумоти нашршуда, дар он мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноятҳои зидди башарӣ – аз ҷумла шиканҷа, рабудани инсон, беодолатии додгоҳӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои виҷдон ва эътиқод муттаҳам шудаанд, таваҷҷуҳи афзояндаи расонаҳо ва созмонҳои байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст.

Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон худ узви ICC мебошад, додгоҳ дорои ваколати мустақим барои боз кардани парванда ва шурӯи таҳқиқоти расмӣ дар заминаи ҷиноятҳое аст, ки дар қаламрави он ё аз ҷониби шаҳрвандони он содир шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки мурофиаи ҷиноятҳои эҳтимолии зидди инсоният метавонад дар чорчӯби доимии салоҳияти ин додгоҳ бидуни ниёз ба иҷозати иловагӣ аз Шӯрои Амнияти СММ ё давлатҳои дигар анҷом ёбад.

Ин иқдомро метавон намунаи рӯ ба рӯ шудани низоми ҳоким бо масъулияти ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ кард. Дар шароите ки дар дохили кишвар ҳама роҳҳои адолати мустақил баста шудаанд, муроҷиат ба додгоҳҳои байналмилалӣ ба як роҳи воқеӣ ва ҳуқуқии дифоъ аз қурбониёни истибдод табдил меёбад.

Агнешка Пикулитска (Ага Пик)

Сӯҳбати Ага Пик бо Свердлоу дар ҳоле сурат гирифт, ки мавзӯи беҷазо мондани раҳбарони кишварҳои худкома дубора дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Парвандаи зидди мақомоти Тоҷикистон низ метавонад як улгӯи муҳим барои минтақаи Осиёи Марказӣ гардад.

Ба ёд меорем, ки рӯзи 10 апрели соли 2025, се созмон — Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Бунёди байналмилалии ихтиёриёни украинӣ ва Созмони дифоъ ҳуқуқи башари «Озодӣ барои Авруосиё» — шикояте ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (ICC) дар Гаага пешниҳод карданд.  Дар ин шикоят, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва маъмурияти ӯ ба содир кардани ҷиноятҳои зидди башарӣ муттаҳам мешаванд. 

Ба гуфтаи вакили дифоъи ин парванда, Николас Линёл, шикоят ба далелҳои ҷамъоваришуда дар тӯли 15 соли охир такя мекунад, ки 60 ҳолати ҷудогонаи боздоштҳои худсарона, шиканҷа, таҷовуз, ҳабсҳои бидуни ҷурм, нопадидшавӣ, ихроҷи маҷбурӣ ва кушторро дар бар мегирад.  Ин далелҳо аз низоми судӣ ва маъмурии Тоҷикистон, гузоришҳои ҳуқуқи инсон, ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ ва шаҳодатҳои шоҳидон гирифта шудаанд.

Шикоят инчунин сиёсати давлатиро барои решакан кардани мухолифони сиёсӣ, махсусан аъзову тарафдорони ҲНИТ, ки соли 2015 манъ карда шуд, ҳамчун як сиёсати ҳамоҳангшудаи давлатӣ барои аз байн бурдани мухолифони сиёсӣ тавсиф мекунад. 

Дар изҳороте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Линёл таъкид кард: «Дар шароити набудани роҳҳои адолати дохилӣ, Суди байналмилалӣ ягона умеди қурбониён барои адолат аст.» 

Раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 11 апрел дар шабакаи X (собиқ Twitter) навишт: «Ниҳоят, ин анҷом ёфт! Умедворам (Раҳмон) ба зудӣ барои ҳамаи ҷиноятҳо алайҳи мардуми тоҷик ҷавоб хоҳад дод. Ин чор соли кор буд, миллат интизори ин рӯз буд.» 

 


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *