
Тартиби нави кумаки тиббии ройгон ба муҳоҷирон дар Русия
Дар Русия расман тартиби кумаки тиббии ройгон ба шаҳрвандони хориҷӣ муайян гардид
Аз 1 сентябри соли 2025, тамоми муассисаҳои давлатии ва хусусии тиббии Русия вазифадоранд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ кумаки тиббиро ба таври ройгон пешниҳод намоянд, агар онҳо суғуртаи тиббӣ дошта бошанд ё ҳолати онҳо ҳаёти шахсро зери хатар гузорад. Дар ин бора Фергана.ру бо истинод ба қарори Ҳукумати Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Тавре дар қарор омадааст, кумаки тиббӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ — ба мисли бемориҳои шадиди ногаҳонӣ, бадшавии бемориҳои музмин ё ҳолатҳое, ки барои ҳаёти бемор хатар доранд — бидуни пардохт ба тамоми хориҷиён, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо, расонида мешавад.
Ғайр аз ин, тибқи қоидаҳои нав, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия тибқи Қонуни федералӣ «Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ» расман суғурта шудаанд, ҳақ доранд дар доираи полиси суғуртавии худ хизматрасониҳои тиббии ройгон дарёфт кунанд, агар ҳолати онҳо ба рӯйхати ҳодисаҳои суғуртавӣ дохил шавад.
Ба гуфтаи ҳукумат, бригадаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ низ муваззафанд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолатҳои бемориҳои ногаҳонӣ, садамаҳо, ҷароҳатҳо, заҳролудшавӣ ва дигар ҳолатҳое, ки талабгори дахолати фаврии тиббӣ ҳастанд, бидуни талаб кардани пардохт кумак расонанд. Аммо ин талабот танҳо ба муассисаҳои тиббии давлатӣ ва мунисипалӣ дахл дорад.
Дар мавриди кумаки таъҷилии тиббӣ (ғайр аз ёрии таъҷилӣ), он танҳо дар асоси шартномаи расонидани хизматрасонии пулакӣ ё полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ пешниҳод карда мешавад.
Қоидаҳои нав оид ба расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия то 1 сентябри соли 2031 амал хоҳанд кард.
Average Rating