
Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон боз ҳам поин фаромад
Дар соли 2025, шиносномаи Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалӣ мавқеи пастро ишғол мекунад. Тибқи маълумоти VisaIndex, шиносномаи Тоҷикистон дар ҷои 84-ум қарор дорад ва ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки бидуни раводид ба 23 кишвар сафар кунанд, дар 33 кишвар раводиди вурудро ҳангоми расидан гиранд, ва барои 2 кишвар иҷозати электронии сафар (eTA) талаб мешавад.
Дар муқоиса бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ, шиносномаи Тоҷикистон имконияти камтар барои сафар бидуни раводид фароҳам меорад. Масалан, шиносномаи Украина дар ҷои 28-ум қарор дорад ва ба 149 кишвар бидуни раводид дастрасӣ медиҳад. Гурҷистон дар ҷои 45-ум бо 125 кишвар, Қазоқистон дар ҷои 63-ум бо 82 кишвар, Қирғизистон дар ҷои 79-ум бо 63 кишвар ва Ӯзбекистон дар ҷои 80-ум бо 62 кишвар қарор доранд. Туркманистон ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки шиносномаи он мавқеи поинтар аз Тоҷикистонро ишғол мекунад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба аксари кишварҳои пешрафта, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Канада, Ҷопон ва Австралия, бояд пешакӣ раводид гиранд. Дар маҷмӯъ, барои 131 кишвар раводиди пешакӣ талаб мешавад.
Average Rating