
Қудрат аз падар ба писар? Набзи истиқлоли тасмим дар Тоҷикистон
Агар мансаби президенти Тоҷикистон пеш аз муҳлат холӣ шавад, Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ метавонад муваққатан вазифаҳои сарвари давлатро иҷро кунад. Конститутсияи Тоҷикистон ин тартибро пешбинӣ кардааст. Агар пеш аз баргузории интихобот рақибон аз саҳна берун монанд ва баҳси озод маҳдуд бошад, оё шаҳрвандон метавонанд вориси қудратро интихоб кунанд? Ё аз онҳо танҳо интизор меравад, ки тасмими пешакии доираи ҳокимро бо раъйи худ тасдиқ кунанд ва бо ҳамин ба интихобот ҷомаи қонунӣ пӯшонанд?
Таҳлилгари сиёсӣ Пол Гобл дар як таҳлилаш барои Бунёди Ҷеймстаун менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз барои боло бурдани мавқеи сиёсии писараш замина фароҳам меорад, аммо интиқоли қудрат ҳанӯз анҷом наёфтааст. Ба арзёбии Гобл, таъхир метавонад ба пайдо шудани марказҳои рақиби қудрат дар дохил ва афзоиши нуфузи бозигарони хориҷӣ роҳ кушояд.
Конститутсия чӣ иҷозат медиҳад?
Моддаи 71-и Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки дар сурати фавт, истеъфо ё ғайриқобили иҷрои вазифа дониста шудани президент, вазифаҳои ӯ ба раиси Маҷлиси миллӣ мегузаранд. Ин тартиб то ба кор шурӯъ кардани президенти навинтихобшуда амал мекунад. Дар чунин ҳолат интихобот бояд дар давоми се моҳ баргузор шавад. Раёсати Маҷлиси миллӣ ба Рустами Эмомалӣ дар ин вазъ салоҳияти муваққатӣ медиҳад. Барои соҳиб шудани мақоми президентӣ ӯ бояд дар интихобот пирӯз шавад. Истиснои моддаи 65 аз маҳдудияти ду муҳлати пайдарпай ба Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки дубора номзад шавад. Илова бар ин тибқи қонуни “Пешвои миллат” у ҳақ дорад, бидуни маҳдудият дар интихоботи президентӣ то мурданаш номзадияшро пешбарӣ кунад.
Аммо машрӯияти демократӣ ба имкони интихоби озоди шаҳрвандон вобаста аст. Моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шуданро дар интихоботи воқеӣ кафолат медиҳад. Оё шаҳрвандон ҷасорати истифода аз ин ҳаққи худро пайдо мекунанд ва ё хайр, ин саволи вақт аст.
Вақте раъйдиҳанда метавонад хости президентро рад кунад
Интихоботи миёндавраии 3 ноябри соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳида нишон дод, ки дар кишвари аз ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон пешрафта, пуштибонии президенти амалкунанда пирӯзии номзадро кафолат намедиҳад. Ба гузориши Reuters, дар Мичиган демократ Абдул Эл-Сайид Майк Роҷерсро, ки Доналд Трамп аз ӯ пуштибонӣ мекард, шикаст дод. Дар Каролинаи Ҷанубӣ демократ Энни Эндрюс бар Дарлин Грэм номзади мавриди ҳимояи Трамп пирӯз шуд. Ин дар ҳолест, ки ду сол пеш худи Трамп дар ҳамин иёлат бо ҳудуди 18 банди дарсадӣ бартарӣ ба даст оварда буд.
Нишонаи ҷомеаи бедор ҳамин аст, ки шаҳрвандон ба ҳокимият ваколати бечунучаро намедиҳанд. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд як нафар шонси аз худ пешво тарошиданро ба даст оварда наметавонад. Шаҳрвандон метавонанд дар як интихобот ба шахсе раъй диҳанд ва дар интихоботи дигар номзади мавриди ҳимояи ӯро рад кунанд. Демократҳо аксарияти Сенатро ба даст оварданд ва раъйдиҳандагон, дар ҳоле ки Трамп дар мақомаш монд, таносуби қудратро дар Вашингтон тағйир доданд.
Интихоботи Сенати Амрико ва интихоботи президентии Тоҷикистон ду раванди гуногунанд. Меъёри муқоиса имкони интихоби воқеӣ аст. Ҳоло ба аҳволи Тоҷикистон бингарем. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар арзёбии интихоботи президентии соли 2020 гуфта буд, ки раъйдиҳандагони Тоҷикистон алтернативаи воқеии сиёсӣ надоштанд. Соли 2025 ҳамин ниҳод маъмурияти назоратии интихоботи порлумониро лағв кард, зеро мақомот кафолат надоданд, ки нозирон эътиборнома мегиранд ва метавонанд вазифаи худро иҷро кунанд.
Саркӯб чӣ гуна роҳи ворисиро ҳамвор мекунад?
Созмони IPHR мегӯяд, ки аз марти соли 2025 то октябри соли 2026 маҳдудиятҳо бар озодии баён, фаъолияти иттиҳодияҳо ва гирдиҳамоии осоишта шиддат гирифтанд. Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, ки Душанбе тавсияҳои калидии даври пешини баррасии СММ-ро иҷро накардааст. Дар даври нав кишварҳо қатъи боздоштҳои худсарона ва таъқиби мухолифон ва таҳқиқи мустақили рӯйдодҳои Бадахшонро хостанд.
Вақте мухолифон имкони созмонёбӣ надоранд, рӯзноманигорон зери фишор мемонанд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи назорати мустақилро надорад, пешбарии номзади дилхоҳи ҳокимият бе чунучаро ба миён меояд. Шиддат гирифтани маҳдудиятҳо ба фарзияи омодагӣ ба интиқоли идорашавандаи қудрат вазн медиҳад.
Барои арзёбии қонунӣ будани маҳдудиятҳо исботи ангезаи ворисӣ шарт нест. Моддаҳои 19, 21 ва 22-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ талаб мекунанд, ки маҳдудият асоси қонунӣ дошта бошад, ҳадафи қонунан қобили қабулро пайгирӣ кунад ва барои расидан ба он ҳадаф заруру мутаносиб бошад. Ҳифзи бартарии номзади хонаводаи ҳоким муғойири чунин ҳадафҳост.
Вобастагии хориҷӣ доираи тасмими Душанберо танг мекунад
Ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ҳаҷми умумии интиқоли пули муҳоҷирон аз хориҷ дар соли 2025 ба тақрибан 46 дарсади ММД баробар буд. Ин рақам ҳамаи кишварҳои фиристандаро фаро мегирад. Нақши бозори кори Русия ва ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум ба Маскав фишангҳои иқтисодӣ ва амниятӣ медиҳанд. Тибқи Хазинаи байналмилалии асъор, дар поёни соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон дар назди Чин 821 миллион доллар ё 23,5 дарсади тамоми қарзи давлатӣ буд.
Ин вобастагӣ соҳибихтиёрии Тоҷикистонро таҳдид мекунад ва кучактарин ихтилоф бо шарики асосӣ метавонад барои Душанбе харҷи иқтисодӣ ё амниятии баланд дошта бошад. Аз сӯи дигар, пазироии Рустами Эмомалӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон ва эътои орден ба ӯ дар 4 ноябр аз нақши намоёни ӯ дар муносибатҳои минтақавӣ шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд Тошканд мулоқотро дар доираи ҳамкории байнипорлумонӣ шарҳ дод, ин ишорае буд, ки барои Ӯзбекистон низ, аз ҳуқуқбунёдии як кишвари ҳамсоя дида, оромии фазои сиёсӣ муҳим аст, ҳарчанд ин оромӣ бо зулму саркубгарӣ таъмин шавад. Аз ҷиҳати дигар ин метавонад ба мухолифони режими Тоҷикистон ишорае ҳам бошад, ки ба кишвари ҳамсоя муҳим идораи “осоишта”-и худи қудрат аст, на бо чӣ намуд идора шудани он. Ҳамин аст, ки Узбекистон тавонистааст ҳатто бо Толибон низ муносибати ҳасана ба роҳ монад, чизе, ки то ҳол ба Тоҷикистон муяссар нашудааст. Аммо ин баҳси дигар аст.
Баргардем сари масъала. Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ 19 марти соли 2026 ба хулоса омад, ки Тоҷикистон ҳангоми сафари Владимир Путин дар соли 2025 дархости боздошт ва супурдани ӯро иҷро накардааст. Баъдан Душанбе дар бораи хуруҷ аз Оинномаи Рум огоҳинома дод. Тибқи санади СММ, хуруҷ 20 ноябри соли 2027 эътибор пайдо мекунад. Ин пайдарпайӣ ҳарчанд далели дастури Маскав барои хуруҷ ё созиш дар бораи ворисӣ нест, вале нишон медиҳад, ки куза аз куҷо об мегирад.
Вақте зимоми давлатдорӣ дар дасти як оила ва доираи маҳдуди атрофиёни он мутамарказ мешавад, истиқлолияти давлатӣ ҳам осебпазир мегардад. Давлат метавонад аз назари ҳуқуқӣ соҳибихтиёр бимонад, аммо дар амал озодии тасмимаш маҳдуд мешавад. Агар порлумон, додгоҳ ва расонаҳо натавонанд қарорҳои ҳокимиятро мустақилона бисанҷанд, доираи ҳоким метавонад бақои худро аз манфиатҳои дарозмуддати кишвар болотар гузорад. Дар чунин шароит пуштибонии як шарики хориҷӣ аз вориси дилхоҳи хонавода метавонад дар тасмимҳои амниятӣ, молиявӣ ё дипломатии Душанбе вазни бештар пайдо кунад. Хатар дар он аст, ки имтиёз ба шарики хориҷиро шумори маҳдуди афрод бидуни баҳс ва назорати ҷамъиятӣ медиҳад, аммо паёмадҳои онро тамоми кишвар ба дӯш мегирад.
Саволи калидӣ ҳам ин аст, ки тасмимро кӣ мегирад ва кӣ метавонад онро рад кунад. Агар шаҳрвандон имкони воқеии интихоби раҳбари дигарро надошта бошанд, танҳо риояи зоҳирии расмиёти конститутсионӣ ба натиҷа машрӯияти демократӣ медиҳад. Агар доираи ҳоким барои гузариши бебаҳс бештар ба пуштибонии шарикони хориҷӣ такя кунад, озодии тасмими Душанбе низ метавонад тангтар шавад. Саркӯб метавонад интихоби ворисро барои доираи ҳоким осон кунад, аммо оромии ин гузариш барои ҳокимият ҳанӯз маънои ризоияти ҷомеаро надорад. “Шояд, ки паланге хуфта бошад?”
