Гирдиҳамоӣ ба пуштибонӣ аз Дилмурод Эргашов дар назди додгоҳ

Додгоҳи Дюсселдорф қарори BAMF-ро дар парвандаи Дилмурод Эргашев бекор кард

Ба дигарон фиристед

Додгоҳи маъмурии Дюсселдорф рӯзи 9 ноябри соли 2026 қарори Идораи федеролии муҳоҷират ва гурезаҳои Олмон (BAMF)-ро дар парвандаи Дилмурод Эргашев бекор кард. Додгоҳ қисми боқимондаи даъворо рад намуда, хароҷоти мурофиаро байни тарафҳо баробар тақсим кард. Ҳукм мақомоти Олмонро ба баргардондани Эргашев вазифадор намекунад.

Тибқи матни ҳукм, баҳс ба қарори BAMF аз 18 июли соли 2024 дахл дошт. Идора пас аз анҷоми расмиёти паноҳандагӣ Тоҷикистонро кишвари таъиноти ихроҷ муайян карда, бидуни дархости нави Эргашев ба хулоса омада буд, ки барои манъи ихроҷ асосе вуҷуд надорад. Додгоҳ гуфт, берун аз расмиёти паноҳандагӣ муайян кардани кишвари таъиноти ихроҷ ба салоҳияти идораи маҳаллии корҳои хориҷиён дохил мешавад.

Талабҳои марбут ба мақоми гуреза, паноҳандагӣ, ҳимояи иловагӣ ва манъи ихроҷ аз рӯи моҳият баррасӣ нашуданд, зеро дархостҳои дахлдор пешакӣ ба BAMF пешниҳод нашуда буданд. Бекор шудани қарори BAMF худ аз худ ихроҷи анҷомшударо беэътибор намекунад ва ба ҳукми ҳаштсолаи зиндон дар Тоҷикистон таъсир надорад.

Тавре «Паём ТВ» қаблан хабар дод, Эргашев 6 ноябри соли 2024 аз фурудгоҳи Дюсселдорф ихроҷ шуд ва рӯзи дигар дар Душанбе ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуд. Human Rights Watch пеш аз ихроҷ аз хатари боздошт ва шиканҷа ҳушдор дода буд. Ба иттилои ин созмон, Эргашев пас аз расидан боздошт ва баъдан ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи мурофиа фаъолон дар назди додгоҳ ба пуштибонӣ аз ӯ гирдиҳам омаданд.

Дар парвандаи дигари ҳамсон вакилони Бундестаг аз ҳукумати Олмон хостанд, ихроҷи Асадулло Бобоев ва боздошти ӯ дар Душанберо шарҳ диҳад. Бобоев баъди ихроҷ ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Дар қазияи дигар, Сайидтайиб Саидмамудов рӯзи 18 ноябр аз боздоштгоҳи ихроҷи Ҳоф озод шуд.

Тарафҳо метавонанд дар давоми як моҳ аз рӯзи расидани ҳукм тавассути намояндаи ваколатдор барои иҷозати баррасии апеллятсионӣ дар Додгоҳи олии маъмурии замини Рейни Шимолӣ — Вестфалия дархост диҳанд. Маълум нест, ки ягон тараф чунин дархост додааст ё не.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.