Буҷети Тоҷикистон: ҳисоботҳо зиёданд, аммо пули мардум куҷо меравад?

Ба дигарон фиристед

Дар Тоҷикистон нашри санадҳои молиявӣ бештар шудааст, аммо ҷомеа ҳанӯз имкони кофӣ надорад, ки хароҷоти давлатро пеш аз тасдиқ баррасӣ ва натиҷаи онро баъд аз иҷро назорат кунад. Дер дастрас шудани маълумот, набудани ҷузъиёти хароҷот ва адми иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо аз мушкилотеанд, ки фақат ба номаш “ради галочка” дар як муҳокима дар Вазорати молия матраҳ шудаанду халос.

Пайрав Чоршанбиев, рӯзноманигори «Азия-Плюс», дар гузориши рӯзи 16 ноябри соли 2026 нуктаҳои ин муҳокимаи Вазорати молияро ҷамъбаст кардааст. Нишаст дар доираи таҳқиқоти шаффофият ва ҳисоботдиҳии молияи давлатӣ баргузор шудааст, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия анҷом ёфтааст.

Санаи дақиқи нишаст дар гузориш зикр нашудааст. Аммо муаллиф менависад, ки он «чанд рӯз пеш» баргузор шудааст. Хулосаҳои ниҳоии таҳқиқот низ ҳанӯз пешниҳод нашудаанд. Аз ин рӯ, масъалаҳое, ки дар поён зер мехонед, бозгӯи таҷриба ва арзёбии иштирокчиёни муҳокима мебошанд, на натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти анҷомёфта.

«Азия-Плюс» барои ҳифзи махфияти муҳокима номи сухангӯён ва созмонҳои онҳоро ошкор накардааст. Ин имкон медиҳад, ки мушкилот озодтар баён шаванд, аммо санҷиши мустақили ҳар мисоли зикршударо маҳдуд мекунад.

Маълумоте, ки баъд аз қарор мерасад

Яке аз эродҳои асосии намояндагони расонаҳо дер дастрас шудани санадҳои молиявӣ будааст. Ба гуфтаи онҳо, нишондиҳандаҳои асосии лоиҳаи буҷети соли оянда маъмулан замоне дастраси умум мешаванд, ки санад аллакай дар палатаи поёнии парламент баррасӣ ва қабул мешавад.

Паёмади чунин тартиб равшан аст ва рӯзноманигорону коршиносони мустақил фурсати кофӣ намеёбанд, ки хароҷоти пешниҳодшударо бо солҳои пеш муқоиса кунанд, сабаби афзоиш ё коҳиши маблағгузориро бипурсанд ва масъалаҳои баҳснокро пеш аз қабули қарор ба муҳокимаи ҷомеа гузоранд.

Дар чунин шароит нашри санад бештар ба огоҳ кардани мардум аз қарори гирифташуда хизмат мекунад. Имкони таъсир гузоштан ба худи қарор маҳдуд мемонад. Яъне “мардумсолорӣ”-и тоҷикӣ!

Иштирокчиён ҳамчунин гуфтаанд, ки посух ба дархости маълумот метавонад, ҳатто дар ҳолати мусоид, ду ҳафта вақт гирад. Барои таҳқиқоти тӯлонӣ чунин интизорӣ як монеа аст ва хабарнигоре, ки рӯйдоди рӯзро пайгирӣ мекунад, метавонад маълумотро аз аҳамияти фавриаш маҳрум созад.

Формати санадҳо низ мушкил эҷод мекунад. Ба гуфтаи иштирокчиён, бисёре аз маълумот дар шакли PDF нашр мешаванд, ки ҷустуҷӯ, муқоиса ва коркарди нишондиҳандаҳоро душвор месозад. Худи PDF нишонаи пӯшида будани маълумот нест, аммо вақте ҷадвалҳо барои истифодаи дубора омода нестанд, назорати мустақил вақт ва захираи бештар талаб мекунад.

Рақами умумӣ ба саволи мушаххас ҷавоб намедиҳад

Дар муҳокима байни нашри ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ва ошкор кардани ҷузъиёти хароҷот фарқ гузошта шудааст.

Ҷомеа метавонад бидонад, ки барои маориф, тандурустӣ ё ҳифзи иҷтимоӣ чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст. Вале аз ҳамин рақам маълум намешавад, ки пул ба кадом барнома, муассиса ё хизматрасонӣ меравад ва дар иваз чӣ натиҷа бояд ба даст ояд.

Иштирокчиён масъалаи дастгирии шахсони дорои маъюбиятро мисол овардаанд, ки маълум нест маблағгузории иловагӣ ба сохтмони муассисаҳои нигоҳубин равона мешавад ё ба хизматрасониҳое, ки ба одамон имкони зиндагии мустақил медиҳанд? Афзалиятҳоро кӣ муайян мекунад ва назари худи баҳрабардорон то куҷо ба ҳисоб гирифта мешавад? Ҷавоби ин савол аз кӣ гирифта мешавад? Маълум не!

Ин фарқ танҳо баҳси техникӣ нест. Ду навъи хароҷот метавонанд зери як унвони умумии «дастгирии иҷтимоӣ» ҷой гиранд, аммо ба зиндагии одамон таъсири комилан гуногун расонанд.

Яке аз иштирокчиён ҳамчунин гуфтааст, ки барои арзёбии паёмадҳои иқтисодии хушунат маълумоти муфассали хароҷоти тандурустиро ҷустуҷӯ кардааст, вале танҳо нишондиҳандаҳои умумиро ёфтааст. Бе чунин ҷузъиёт муайян кардани арзиши мушкил ва асоснок кардани роҳи ҳалли он душвор мешавад.

Буҷетҳои маҳаллӣ: назорат бо қонуни ҷангал

Ба гуфтаи иштирокчиён, дастрасӣ ба маълумоти буҷетҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҳам мушкилтар аст.

Маҳз дар ҳамин сатҳ шаҳрванд бояд тавонад саволҳои мушаххас диҳад, ки барои таъмири мактаб чанд пул ҷудо шуд? Барои оби нӯшокӣ чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст? Роҳи маҳаллӣ бо кадом арзиш сохта мешавад ва кай бояд ба истифода дода шавад?

Донистани маблағи умумии ба ноҳия ҷудошуда барои ҷавоб ба ин саволҳо кофӣ нест. Барои назорат бояд нақша, хароҷоти воқеӣ, муҳлати иҷро ва натиҷаи корро бо ҳам муқоиса кард. Аммо чунин шавад, дуздии буҷет ҳам мушкилтар мешавад.

Иштирокчиён пешниҳод кардаанд, ки муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷетҳои маҳаллӣ фаъолтар баргузор шаванд. Аммо арзиши чунин нишастҳо аз он вобаста хоҳад буд, ки мардум маълумотро кай мегиранд ва пешниҳоди онҳо ба тақсими маблағ таъсир мекунад ё не.

Даромади ангишт ва хароҷоти ҳифзи табиат

Дар муҳокима дастрасӣ ба маълумоти даромад аз захираҳои табиӣ низ баррасӣ шудааст.

Як намояндаи созмони ҷамъиятӣ гуфтааст, ки натавонистааст маълумоти заруриро дар бораи даромади буҷет аз истихроҷи ангишт ва дигар маъданҳо, инчунин ҳиссаи маблағҳои ба ҳифзи муҳити зист равонашаванда пайдо кунад. Ин гуфта нишон медиҳад, ки барои истифодабарандаи берун аз идораҳои давлатӣ ёфтани он осон набудааст.

Бе чунин рақамҳо баҳс дар бораи гузариш ба энергияи тоза низ заминаи кофии молиявӣ надорад. Пешниҳоди равона кардани як қисми даромади ангишт ба манбаъҳои барқароршаванда бояд ба маълумоти воқеии даромад, хароҷот ва уҳдадориҳои соҳа такя кунад.

Дар мавриди мамнуъгоҳҳо низ саволҳои монанд ба миён омадаанд, ки агар баъзе аз онҳо даромад ба даст оварда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ гузаронанд, барои ҷомеа бояд фаҳмо бошад, ки чӣ қадар пул барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи худи ин ҳудудҳо бармегардад.

Ду рӯз барои барномаи панҷсола

Яке аз аҷоиботи баҳсбарангези гузориш ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи барномаи рушди солҳои 2026–2030 дахл дорад.

Ба гуфтаи як иштирокчӣ, дар баъзе мавридҳо барои омӯзиши санадҳо ва пешниҳоди эрод ҳамагӣ ду рӯз дода шудааст.

Барои таҳлили барномаи панҷсола бояд санадҳо хонда шаванд, маълумот муқоиса гардад, назари мутахассисон ҷамъоварӣ ва пешниҳодҳо асоснок карда шаванд. Ин муҳлат танҳо метавонад ба баррасӣ ҷомаи расмият пӯшонад, дигар ҳеҷ.

Ҳамон иштирокчӣ аз таҷрибаи мусбат низ ёд кардааст, ки вақте мавод пешакӣ пешниҳод шуд, созмонҳо тавонистанд ҳамкорӣ карда, пешниҳодҳои муҳтаводор омода кунанд. Пас, масъала танҳо хоҳиши иштирок кардан нест, балки тартиб ва муҳлати машварат низ натиҷаро муайян мекунад.

Як портал кофист?

Аз пешниҳодҳои муҳокима таъсиси як манбаи ягонаи маълумоти молиявӣ будааст. Ҳоло санадҳои хариди давлатӣ, ҳисоботи Вазорати молия ва маълумоти муассисаҳои дигар дар сомонаҳои ҷудогона ҷой доранд.

Портали ягона метавонад ҷустуҷӯро осон кунад, аммо танҳо ҷамъ кардани пайвандҳо мушкилро пурра ҳал намекунад. Барои назорати воқеӣ маълумот бояд сари вақт, бо ҷузъиёти кофӣ ва дар шакли қобили муқоиса нашр шавад.

Иштирокчиён ҳамчунин омӯзиши намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро зарур донистаанд. На ҳар созмоне, ки бо ҳуқуқи кӯдак, маъюбият ё ҳифзи муҳити зист кор мекунад, мутахассиси молиявӣ дорад. Дастрасӣ ба санад ва тавони истифода аз он ду масъалаи вобаста ба ҳаманд.

Дар муҳокима аз пешрафтҳо низ ёд шудааст, ки маълумоти муфассалтар дар бораи қарзи давлатӣ, ҳисоботи баъзе корхонаҳои давлатӣ ва натиҷаҳои аудит дастрас мешаванд. «Буҷети шаҳрвандӣ» низ барои шарҳи соддаи даромаду хароҷоти давлат вуҷуд дорад. Аммо иштирокчиён пурсидаанд, ки мардум, бахусус сокинони минтақаҳо, аз ин имконот то куҷо огоҳанд.

Натиҷаи таҳқиқот ҳанӯз дар пеш аст

Тибқи гузориши «Азия-Плюс», дар доираи таҳқиқот пурсиши 50 намояндаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла соҳибкорон, созмонҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, муҳаққиқон ва дигар мутахассисон пешбинӣ шудааст.

Қарор аст натиҷаҳо 30 ноябр ҳамроҳ бо арзёбиҳои дигари низоми идораи молияи давлатӣ пешниҳод шаванд. Бар асоси онҳо таҳияи пешниҳодҳои ислоҳот, аз ҷумла барои солҳои 2027–2030, дар назар аст.

Ҳамчунин густариши иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ дар гурӯҳи байниидоравии назди Вазорати молия баррасӣ мешавад.

Дар матни пешниҳодшуда посухи ҷудогонаи Вазорати молия ба ҳар эроди иштирокчиён оварда нашудааст. Аз ин рӯ, ҳоло наметавон гуфт, ки вазорат кадом мушкилҳоро мепазирад, ба кадомашон мухолиф аст ва барои ислоҳи онҳо чӣ муҳлат мегузорад.

Буҷет моли идора нест

Миллиардҳоро аз минбар эълон кардан осон аст. Ба мардум нишон додан, ки ҳар маблағ куҷо рафт ва чӣ натиҷа дод, имтиҳони воқеии ҳисоботдиҳист. Агар рақамҳо танҳо баъд аз қабули қарор дастрас шаванд, ҷомеа ба ҷойи назорат танҳо ба тамошобини харҷи пули худаш табдил меёбад.

Давлат аз шаҳрванд андозро сари вақт талаб мекунад. Пас, шаҳрванд ҳам ҳақ дорад ҳисоботро сари вақт талаб кунад. Маълумоти буҷетӣ ин васиқаи мероси падари мансабдор нест, ки бо хоҳишаш диҳад ё нигоҳ дорад. Ин ҳисоби пули мардум аст.

Агар таҷрибаи зикршудаи додани ду рӯз барои баррасии барномаи панҷсола дуруст бошад, чунин машварати рӯякӣ ба кӣ даркор?

Бояд дақиқ гуфт, вақте ҷузъиёти хароҷот дастнорас мемонад, муайян кардани исроф, бархӯрди манфиатҳо ё сӯиистифода ҳам душвортар мешавад. Норушанӣ барои пинҳон мондани қонуншиканӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Меъёри ислоҳот шумораи PDF-ҳо, семинарҳо ва акси дастаҷамъии иштирокчиён нест. Меъёр ин аст, ки сокини як деҳа метавонад бифаҳмад, ки барои мактабаш чанд пул ҷудо шуд, онро кӣ харҷ кард ва чаро кор анҷом наёфт? Агар ҷавоб ҳанӯз дар долонҳои идора саргардон бошад, рақамбозӣ ҳамоно бештар дар рӯи варақ вуҷуд дорад, на дар зиндагии мардум.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.