
Шавкати Муҳаммад дар САҲА: қонун бояд инсонро ҳимоя кунад, на ҳокимиятро
Сардабири портали иттилоотиву таҳлилии «Паём ТВ» Шавкати Муҳаммад рӯзи 9 октябр дар конфронси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз рад шудани як қатор дархостҳои истирдоди Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳҳои Австрия хабар дод. Ӯ бо ишора ба таҷрибаи хонаводааш ин қарорҳоро намунаи фаъолияти адолати судии мустақил номид.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон ба Австрия маводеро бо талаби истирдоди 18 паноҳандаи тоҷик фиристодаанд. Дар миёни онҳо панҷ узви хонаводаи ӯ низ будаанд.
Шавкати Муҳаммад гуфт, мақомоти Тоҷикистон кӯшиш кардаанд ӯро бо истифода аз иттиҳомҳое, ки онҳоро сохта, беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ медонад, ҷинояткор муаррифӣ кунанд.
Ӯ таъкид кард, ки додситонӣ ва низоми судии Австрия дар баррасии ин парвандаҳо қонунро аз талаботи давлати хориҷӣ болотар гузоштаанд.
«Додгоҳҳои Австрия як қатор дархостҳои Тоҷикистон барои истирдодро рад карданд. Ин намунаи равшани он аст, ки адолати судии мустақил бояд чӣ гуна амал кунад», — гуфт сардабири «Паём ТВ».
Шавкати Муҳаммад аз номи худ ва хонаводааш ба додситонӣ ва мақомоти судии Австрия барои пойбандӣ ба қонун ва принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд изҳори сипос кард.
Ӯ дар муқоиса бо таҷрибаи Австрия, аз вазъи адолати судӣ дар Тоҷикистон интиқод намуд. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ягон ҳукми сафедкунанда содир накардаанд. Рӯзноманигор ин ҳолатро сабаби ба миён гузоштани суолҳо дар бораи риояи асли бегуноҳӣ ва мустақилияти судяҳо донист.
Сардабири «Паём ТВ» ҳамчунин омодагии худро барои пешниҳоди маводи парвандаҳои ҷиноятии ирсолкардаи мақомоти Тоҷикистон ба Австрия ба созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои узви САҲА эълон кард.
Ӯ аз онҳо хост, санадҳо ва далелҳоро омӯзанд, сифати тафтишот ва асоснокии иттиҳомҳоро арзёбӣ кунанд. Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, чунин баррасӣ метавонад нишон диҳад, ки таъқиби ҷиноятӣ чӣ гуна алайҳи дигарандешон ва аъзои хонаводаҳои онҳо истифода мешавад.
«Ман намехоҳам танҳо ба сухани ман бовар кунед. Ман пешниҳод мекунам, ки санадҳоро бисанҷед», — таъкид кард ӯ.
Шавкати Муҳаммад дар поёни суханронӣ аз кишварҳои узви САҲА хост, ба мардуми Тоҷикистон барои расидан ба давлати ҳуқуқбунёд кумак кунанд.
«Кумак кунед, то дар ватани мо низ қонун инсонро ҳимоя кунад, на ҳокимиятро. Мо ҳам ҳақ дорем дар давлати воқеан ҳуқуқбунёд зиндагӣ кунем», — гуфт ӯ.
