
Абдулвосит Шарипов: «Қонуне, ки танҳо барои мардум ҳатмист, на барои ҳукумат, волоияти қонун нест»
Абдулвосит Шарипов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар конфронси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Варшава аз нақзи волоияти қонун, набуди истиқлоли додгоҳҳо ва иҷро нашудани тавсияҳои ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон интиқод кард.
Ӯ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мушкили асосии Тоҷикистон на камбуди қонунҳо, балки фосилаи бузург миёни қонунҳои қабулшуда ва иҷрои амалии онҳост.
Шарипов суханронии худро бо як суоли муҳим оғоз кард: «Агар як шаҳрванди одӣ қонунро вайрон кунад, ӯро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо агар худи ҳокимият қонунро нақз кунад, кӣ онро ба ҷавобгарӣ мекашад?»
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин масъала имрӯз яке аз мушкилоти бунёдии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мебошад.
Шарипов бо истинод ба гузориши Департаменти давлатии ИМА дар соли 2023 гуфт, ки додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи аввали он сол 5 ҳазору 543 парвандаро баррасӣ карда, дар ҳеҷ яке аз онҳо ҳукми сафедкунанда содир накардаанд.
Ӯ ин оморро нигаронкунанда хонда, суол гузошт, ки дар чунин шароит то чӣ андоза метавон аз риояи воқеии асли бегуноҳӣ то замони исботи гуноҳ сухан гуфт.
Шарипов ҳамчунин ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ ва хулосаҳои мақомоти ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ишора кард.
Ба гуфтаи ӯ, Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳанӯз соли 2019 маҳрум кардани вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров аз озодиро худсарона эътироф карда буд.
Ӯ афзуд, ки соли 2024 чунин хулосаҳо дар робита ба парвандаҳои Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев ва Хурсандшоҳ Мамадшоев низ қабул шудаанд.
«Инҳо овоза ё изҳороти сиёсӣ нестанд. Инҳо хулосаҳои расмии яке аз механизмҳои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мебошанд», — таъкид кард Шарипов.
Вай аз мақомоти Тоҷикистон пурсид, ки чаро бо вуҷуди чунин хулосаҳои байналмилалӣ барои бартараф кардани қонуншиканиҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешида нашудаанд.
Дар бахши дигари суханронии худ Абдулвосит Шарипов масъалаи шаффофияти интихобот ва фаъолияти қонунгузории Тоҷикистонро матраҳ кард.
Ӯ ёдовар шуд, ки соли 2025 Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODIHR) ба далели набуди кафолатҳои зарурӣ барои сабти номи нозирон, маъмурияти назорати интихоботи парлумонии Тоҷикистонро лағв кард.
Ба гуфтаи Шарипов, вазъияте, ки дар он давлат нозирони байналмилалиро даъват мекунад, вале шароити зарурии фаъолияти онҳоро фароҳам намесозад, суолҳои ҷиддиеро дар бораи шаффофияти ташкили парлумон ба миён меорад.
Намояндаи Маркази ҳуқуқи башари тоҷикон дар идомаи суханронии худ мустақиман ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карда, талаб намуд, ки ба ҷойи ваъдаҳо иҷрои воқеии қонун таъмин карда шавад.
Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки парвандаҳои шахсонеро, ки СММ боздошти онҳоро худсарона эътироф кардааст, ба таври мустақил бозбинӣ кунад, шаффофияти мурофиаҳои судиро таъмин намояд ва барои истиқлоли воқеии додрасҳо шароит фароҳам оварад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ҷомеа бояд имкони назорат бар раванди қабули қонунҳо ва иҷрои онҳоро дошта бошад.Абдулвосит Шарипов дар баробари мақомоти Тоҷикистон ба худи САҲА низ муроҷиат кард.
Ӯ гуфт, ки танҳо сабт ва такрори солонаи қонуншиканиҳо кофӣ нест ва зарур аст механизми ошкорои назорати иҷрои тавсияҳои байналмилалӣ бо муҳлатҳои мушаххас ва посухҳои расмии мақомоти давлатӣ таъсис дода шавад.
«Волоияти қонун на аз муҷозоти шаҳрванд, балки аз масъулияти худи ҳокимият дар назди қонун оғоз мешавад», — таъкид кард ӯ.
Шарипов дар поёни суханронии худ гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон имтиёзи махсус талаб надорад, балки мехоҳад қонун барои ҳама, аз шаҳрванди одӣ то додрас, додситон ва намояндаи ҳокимият яксон амал кунад.
«Қонуне, ки танҳо барои мардум ҳатмӣ аст, вале барои ҳокимият не, дигар волоияти қонун нест», — гуфт Абдулвосит Шарипов дар анҷоми суханронияш.
