Салим Султонзода хостори таҳқиқи мустақили марги маҳбусон ва ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон шуд

Ба дигарон фиристед

Узви Шӯрои роҳбарии Анҷумани Озодандешон ва муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, Салим Султонзода, дар суханронии худ дар Конфронси имсолаи САҲА дар Варшава аз кишварҳои узв хост, гузоришҳо дар бораи шиканҷа ва марги маҳбусонро мустақилона пайгирӣ ва таҳқиқ кунанд.

Ӯ вазъи зиндониёни сиёсӣ ва афродеро, ки пас аз рӯйдодҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳкум шудаанд, мояи нигаронии ҷиддӣ хонд.

Ба гуфтаи Султонзода, тибқи маълумоти онҳо, дар соли 2025 панҷ зодаи Помир, Кулмамад Паллоев, Богшо Иматшоев, Аслан Гулобов, Музаффар Давлатмиров ва Эроншо Мамадрахимов дар зиндон даргузаштаанд.

Ӯ гуфт, ҳамаи онҳо пас аз рӯйдодҳои Бадахшон дар ҳабс қарор доштанд ва марги онҳо бояд мавриди таҳқиқи мустақил, беғараз ва шаффоф қарор гирад.

Султонзода таъкид кард, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ ё мулоҳизаҳои амнияти давлатӣ набояд барои шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ баҳона шаванд.

Ӯ ҳамчунин аз вазъи рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ, адвокатҳо ва зиндониёни сиёсӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, мурофиаҳои пӯшида ва хабарҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ самаранокии механизмҳои дохилии таҳқиқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани масъулонро зери суол мебаранд.

Муовини раиси ПМТ дар идомаи суханронӣ ба муроҷиати намояндагони мухолифони тоҷик ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, моҳи апрели соли 2025 онҳо ба Дафтари додситони ин додгоҳ маводеро дар бораи ҷиноятҳо алайҳи башарият пешниҳод карда, масъалаи масъулияти президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мансабдорони баландпояро матраҳ намудаанд.

Султонзода гуфт, ин иддаоҳо бояд арзёбии мустақили ҳуқуқӣ гиранд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон баррасии масъалаи хуруҷ аз Статути Рим, санади таъсисии Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ оғоз шудааст. Султонзода ин равандро нигаронкунанда хонд ва суол гузошт, ки чаро ба ҷойи таҳқиқи мустақили иттиҳомҳои ҷиддӣ ва ҳамкорӣ бо механизмҳои байналмилалӣ, масъалаи тарки ин низоми адолат баррасӣ мешавад.

Бо ишора ба моддаи 127-и Статути Рим, ӯ таъкид кард, ки хуруҷ аз ин санад набояд василаи канорагирӣ аз баррасии ҷиноятҳои эҳтимолӣ гардад ва уҳдадориҳои дар давраи узвият ба вуҷудомадаро аз байн намебарад.

Султонзода аз мақомоти Тоҷикистон хост, тамоми гузоришҳои қобили эътимод дар бораи шиканҷа ва марги маҳбусонро таҳқиқ кунанд, назорати мустақили зиндонҳоро таъмин намоянд ва дастрасии маҳбусонро ба адвокат ва ёрии тиббӣ кафолат диҳанд.

Ӯ ҳамчунин Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои узви онро ба пайгирии вазъ даъват кард.

«Қурбониён ҳақ доранд ҳақиқатро бидонанд ва ба адолат дастрасӣ дошта бошанд», — таъкид намуд Салим Султонзода.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *