
Шавкати Муҳаммад: Баҳсҳо дар бораи ҳуқуқи инсон бояд ба амалҳои мушаххас бирасанд
Шавкати Муҳаммад, сардабири портали таҳлиливу иттилоотии «Паём ТВ» аз кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хост, барои иҷрои тавсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешанд.
Ӯ дар суханронии худ дар нишасти имрӯза оид ба волоияти қонун гуфт, баҳсу тавсияҳои солона бояд бо натиҷаҳои воқеӣ ҳамроҳ шаванд, ки солҳо садҳо нафарон наметавонанд ҳуқуқи худро ҳимоя кунанд.
Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқ ба меҳнат, озодии баён ва ҳимояи судиро кафолат медиҳад, механизмҳои мустақили ҳимояи ин ҳуқуқҳо заиф шудаанд.
Шавкати Муҳаммад аз таъқиби рӯзноманигорон, баста шудани расонаҳо, масдудсозии сомонаҳо ва фишор ба фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқу адвокатҳо интиқод кард.
Ӯ ҳамчун намуна ба хулосаи Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона ишора намуд. Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, ин гурӯҳ 19 ноябри соли 2019 ҳабси 11 роҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистонро худсарона дониста, озодии фаврии онҳоро талаб карда буд.
Ӯ таъкид кард, ки бо гузашти қариб ҳафт сол аз ин хулоса ва 11 сол аз боздоштҳо, талаботи озодсозӣ нисбат ба ҳамаи ин афрод иҷро нашудааст. Шавкати Муҳаммад ҳамчунин гуфт, ки бархе аз ин зиндониён дар зиндон даргузаштаанд ва ин ҳолатҳо ба таҳқиқи мустақил ниёз доранд.
«Кай аз изҳорот ба амал мегузарем? Кишварҳои узви САҲА барои истифодаи кадом чораҳои фишор омодаанд?» — суол гузошт сардабири «Паём ТВ».
Ӯ пешниҳод кард, ки барои иҷрои тавсияҳо оид ба Тоҷикистон муҳлатҳои мушаххас муқаррар шуда, натиҷаҳо ба таври ошкор арзёбӣ шаванд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, бояд аз механизмҳои САҲА барои таҳқиқи мустақили ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ истифода кард.
Сардабири Паём аз кишварҳои узв хост, ҷорӣ кардани таҳримҳои ҳадафмандро алайҳи шахсоне баррасӣ кунанд, ки масъулияташон дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон собит шудааст. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратӣ ба риояи ҳуқуқи инсон вобаста карда шавад ва расонаҳои мустақил, адвокатҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ дастгирии амалӣ гиранд.
Ба таъкиди ӯ, натиҷаи чунин конфронсҳо бояд бо озодии афроди худсарона зиндонишуда, таҳқиқи нақзи ҳуқуқ ва дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ арзёбӣ шавад.
Шавкати Муҳаммад дар поёни суханронӣ аз ширкаткунандагон хост, мушаххас кунанд, ки пас аз конфронс кадом амалҳо анҷом хоҳанд шуд ва масъули арзёбии натиҷаҳои онҳо кӣ хоҳад буд.
