
СММ: Тоҷикистон бо хатари норасоии об рӯбарӯст
Бар асоси гузориши нашршуда дар сомонаи The Astana Times, Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор медиҳад, ки ҷаҳон аз расидан ба ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ба таври ҷиддӣ ақиб мондааст ва ҳамзамон минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз нуқтаҳои асосии буҳрони иқлимӣ табдил ёфтааст.
Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунад, ки тағйирёбии иқлим дигар як таҳдиди оянда нест, балки ба як воқеияти имрӯзӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа, нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ нигаронкунандаанд ва садҳо миллион нафар ҳанӯз дар фақри шадид зиндагӣ мекунанд. Илова бар ин зиёда аз ду миллиард одам ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, ки ин вазъият бо таъсири тағйирёбии иқлим боз ҳам мураккабтар мешавад.
Дар ин замина, Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи махсусан осебпазир муаррифӣ мешавад, ки дар он болоравии ҳарорат, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об ба як чолиши стратегӣ табдил ёфтааст. Ин равандҳо мустақиман ба кишварҳои кӯҳии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби минтақа ба ҳисоб меравад, аз пиряхҳо вобастагии баланд дорад ва маҳз ҳамин пиряхҳо имрӯз бо суръати нигаронкунанда об мешаванд. Дар кӯтоҳмуддат ин раванд метавонад ҷараёни обро зиёд кунад, аммо дар дарозмуддат хатари камшавии захираҳои об ва ноустувории гидрологиро ба миён меорад, ки барои энергетикаи обӣ ва кишоварзӣ паёмадҳои манфии ҷиддӣ дорад.
Бо назардошти он ки иқтисоди Тоҷикистон ба нерӯи барқи обӣ ва бахши аграрӣ такя мекунад, тағйирёбии иқлим метавонад ба коҳиши истеҳсолот, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ ва бад шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ оварда расонад. Илова бар ин, мушкилоти об дар минтақа танҳо масъалаи экологӣ нест, балки ба як масъалаи геополитикӣ табдил ёфтааст. Камбуди об метавонад танишҳоро байни кишварҳои минтақа зиёд кунад, зеро манобеи обӣ миёни давлатҳо тақсим мешаванд ва ҳар як кишвар манфиатҳои стратегии худро дорад. Дар чунин шароит, Тоҷикистон ҳамчун кишвари болооб дар маркази мувозинати ҳассоси “об ва энергия” қарор мегирад. Ҷояш ояд маҷбур мешавад, бо талаби кишварҳои поёноб обанборҳои худро аз об холӣ кунад.
СММ таъкид мекунад, ки агар чораҳои фаврӣ ва ҳамоҳангшуда андешида нашаванд, минтақаҳои осебпазир мисли Осиёи Марказӣ метавонанд бо паёмадҳои шадиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ шаванд. Ҳамзамон, ин минтақа метавонад ба як намунаи ҳамкории байналмилалӣ табдил ёбад, агар кишварҳо дар масъалаҳои идоракунии об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳо ба ҳамоҳангӣ бирасанд. Барои Тоҷикистон ин ҳушдор маънои онро дорад, ки масъалаи иқлим дигар танҳо як мавзӯи муҳити зист нест, балки ба сатҳи амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ баромадааст.
Дар сурати идома ёфтани ин равандҳо, паёмадҳои сангин метавонанд хеле нигаронкунанда бошанд. Коршиносони соҳа коҳиши сатҳи об дар дарёҳо, норасоии шадиди об барои кишоварзӣ, афзоиши камбизоатӣ ва муҳоҷирати иқтисодӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, инчунин пур нашудани обанборҳо бо обро дар ояндаи наздик тахмин задаанд. Дар чунин шароит ҳатто эҳтимол вуҷуд дорад, ки обанборҳои калон, аз ҷумла обанбори нерӯгоҳи Роғун, ки ҳоло дар ҳоли сохтмон аст, дар муҳлати пешбинишуда бо об пур нашаванд, ки ин метавонад ба нақшаҳои энергетикӣ ва иқтисодии кишвар зарбаи ҷиддӣ расонад.
