СПАД ва тарси Эмомалӣ Раҳмон аз марз бо Афғонистон

Ба дигарон фиристед

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон солҳо боз таҳкими амният дар марзи Афғонистонро ба яке аз баҳонаҳои асосии густариши сохторҳои қудратӣ табдил додааст, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар масъалаи “таҳкими марз” ва афзоиши иқдомҳои дифоъиро дар меҳвари гуфтугӯ қарор дод.

Тибқи иттилои Хома Пресс, ин дидор дар Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо вазъият дар марзи ҷанубии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Бино ба ин гузориш, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имангалӣ Тасмагамбетов, масъалаҳои вобаста ба амнияти марз бо Афғонистон, тақвияти ҳифозати сарҳад ва иҷрои барномаи муштараки амниятӣ матраҳ шудааст.

Манбаъ менависад, ки мақомоти Тоҷикистон ва СПАД ин барномаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аъзои ин созмон “ҳаётӣ” арзёбӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки худи СПАД низ расман эълон кардааст, ки марҳилаи аввали барномаи байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли иҷро қарор дорад. Аз ҷумла, сухан аз ҳамоҳангии кишварҳои узв барои таъмини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва пуштибонии техникӣ меравад.

Дар пасманзари ин таҳаввулот, нозирон мегӯянд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз вазъи Афғонистон ҳамчун абзори таблиғотӣ барои тавҷеҳи ҳарчи бештари ҳарбикунонии кишвар, афзоиши вобастагии амниятӣ аз шарикони хориҷӣ ва маҳдуд кардани фазои озоди сиёсӣ истифода мекунад. Бо вуҷуди сарфи маблағҳои бузург барои сохторҳои қудратӣ, мақомоти расмӣ то ҳол ба ҷомеа ба таври шаффоф намегӯянд, ки натиҷаи амалӣ ва мушаххаси ин ҳама барномаҳои “тақвияти марз” чӣ будааст.

Тоҷикистон дарозтарин марзи Осиёи Марказӣ бо Афғонистонро дорад, ки беш аз 1300 километр тӯл мекашад. Маҳз ҳамин воқеият солҳо боз аз ҷониби ҳукумат ҳамчун далели зарурати тамаркузи шадиди амниятӣ истифода мешавад. Аммо мунтақидон бар ин назаранд, ки дар канори масъалаи амният, ҳукумат аз “хатари марзӣ” барои таҳкими назорати сиёсӣ дар дохили кишвар низ баҳра мебарад.

Дар ин дидор Тасмагамбетов ҳамчунин аз нақши Тоҷикистон дар баргузории тамринҳои муштараки ҳарбӣ ситоиш кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҷомеа дар дохили кишвар аз камбуди шаффофият, фақр, муҳоҷирати густарда ва набуди ислоҳоти воқеӣ ранҷ мебарад, аммо ҳукумат ҳамоно масъалаҳои амниятӣ ва ҳарбиро дар авлавият қарор медиҳад.

Ҳол он, ки ҳукумати Толибон борҳо кишварҳои ҳамсояашро бовар додааст, ки аз Афғонистон ба ҳеҷ кишвари ҳамсоя ҳуҷуми низомӣ нахоҳад шуд.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *