Муҳиддин Кабирӣ: Эрон пирӯз шуд ва …сахттарин шикастро Трамп хурд

Ба дигарон фиристед

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ, дар як матлаби таҳлилии худ таҳти унвони «Ховари Миёна пас аз пирӯзии Эрон», ки санаи 9 апрел дар сойти расмии Паймони миллии Тоҷикистон нашр шуд, менависад, ки новобаста аз номуайян будани сарнавишти оташбас, Эрон тавонистааст аз марҳалаи ҷанг ба унвони пирӯз берун ояд. Ба гуфтаи ӯ, гарчанде ин кишвар «тақрибан ҳама чизеро, ки як кишвар дар ҷанг метавонад аз даст бидиҳад» аз даст дод, аммо муҳим он аст, ки «ҷангро набохт» ва «муҳимтарин нишонаи пирӯзиаш фурӯ нарехтани ҳокимият буд».

Кабирӣ таъкид мекунад, ки сабабҳои шикаст нахӯрдани Эрон худ як мавзӯи ҷудогона аст ва метавонад солҳои зиёд мавриди таҳқиқи сиёсатмадорон ва таҳлилгарон қарор гирад. Ба гуфтаи ӯ, ин воқеа маҷбур месозад, ки ҷаҳон «Эронро аз нав бишносад».

Дар баробари ин, муаллиф шикасти асосиро ба ҷониби дигари низоъ нисбат медиҳад. Ӯ менависад, ки «сахттарин шикастро дар ин моҷаро Трамп хурд» ва афзуда, ки ҳаракати сиёсие чун MAGA ва ҷумҳурихоҳон дар Амрико паёмадҳои онро эҳсос хоҳанд кард. Ба таъбири ӯ, гарчанде Доналд Трамп худро пирӯз эълон мекунад, аммо «ҷуз худаш касе ба он бовар нахоҳад дошт».

Ба навиштаи Кабирӣ, яке аз иштибоҳҳои калидии Трамп эълони ҷанг алайҳи «тамаддуни эронӣ» буд, ки ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ ноком шуд. Ӯ бо як ташбеҳи образнок менависад, ки Трамп мехост Эронро ба «асри санг» баргардонад, аммо «як санг аз тарафи Эрон барои фурӯ резондани “асри шишагини” ҳампаймонҳояш дар Халиҷ кофӣ буд».

Муаллиф ба нақши кишварҳои арабии Халиҷи Форс низ таваҷҷуҳ мекунад ва менависад, ки онҳо дар як вазъияти душвори геополитикӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин кишварҳо дар як «буҳрони сахт ва дарозмуддати ҳамзистӣ» бо Эрон қарор гирифта, бояд роҳи баромадро интихоб кунанд: ё маблағгузории ҷанги оянда алайҳи Эрон ва ё пардохти ҷуброни хисорот барои коҳиши таниш. Ӯ ишора мекунад, ки «ором кардани Эрон… арзонтар ва бедарди сар хоҳад буд».

Дар таҳлили худ Кабирӣ ба тағйири тавозуни қудрат дар минтақа ишора мекунад. Ба гуфтаи ӯ, гарчанде кишварҳое мисли Арабистони Саудӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва Исроил аз лиҳози низомӣ қавӣ боқӣ мемонанд, аммо мафҳуми қудрат танҳо ба ин омилҳо маҳдуд намешавад, балки «қудрат ба маънои нуфуз ва василаҳои истифодаи он аст».

Муаллиф махсус таъкид мекунад, ки ҷанг нуфузи Эронро, ки дар солҳои охир дар минтақа коҳиш ёфта буд, дубора боло бурд. Ба гуфтаи ӯ, агар пештар Эрон таъсири худро дар шаҳрҳое чун Димишқ, Бейрут ва Бағдод аз даст дод, пас ин ҷанг тавонист равандро қисман тағйир диҳад. Аммо ӯ ҳамзамон шарҳ медиҳад, ки ин нуфуз бештар дар сатҳи ҷомеаҳо ва афкори умумӣ зоҳир мешавад, на ҳатман дар сатҳи ҳукуматҳо.

Дар як бахши ҷолиб, Кабирӣ менависад, ки имрӯз дар кишварҳои суннимазҳаби минтақа тағйири назаррас дар муносибат ба Эрон ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи ӯ, шахсиятҳо ва гурӯҳҳое, ки қаблан аз «хатари ҳилоли шиъӣ» ё «эҳёи маҷусият» ҳушдор медоданд, имрӯз «дар мадҳи Эрону эроният аз якдигар сабқат мегиранд». Ӯ инро як «таҳаввулоти бузурги фикрӣ ва эътиқодӣ» меномад, ки метавонад барои ҳукуматҳои минтақа паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Кабирӣ инчунин эҳтимоли ба вуҷуд омадани як «баҳори арабии ҷадид»-ро тахмин мезанад. Ба гуфтаи ӯ, миллатҳои минтақа, ки аз сиёсатҳои ҳукуматҳои худ норозӣ ҳастанд, метавонанд худро бо Эрон муқоиса кунанд ва ин муқоиса ба нафъи ҳокимони арабӣ нахоҳад буд. Ӯ менависад, ки дар оянда мумкин аст вазъе ба вуҷуд ояд, ки «ҳукуматдорони минтақа… бо Амрикову Исроил» ва мардум «дар як ҳамбастагии фикриву отифӣ бо Эрон» қарор гиранд.

Ҳамчунин, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ҷанги ахир дар Ховари Миёнаро на танҳо як рӯйдоди низомӣ, балки оғози як марҳалаи нави сиёсӣ ва идеологӣ дар минтақа арзёбӣ мекунад, ки метавонад ба тағйироти амиқи қудрат, нуфуз ва муносибатҳои байни давлатҳо ва ҷомеаҳо сабаб шавад.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *