Афзоиши вуруди сармоя ба Тоҷикистон: рушд ё болоравии рақамҳо?

Ба дигарон фиристед

Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли гузаштаи 2025 ҳаҷми сармояи хориҷии ҷалбшуда ба иқтисоди кишвар қариб ба 7 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ тақрибан 35 фоиз зиёд мебошад ва ҳам ин миқдор сармоя якуним баробар бештар аз буҷаи яксолаи Тоҷикистон аст.

Ба иттилои мақомот, ин афзоиш ба беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ, ислоҳоти қонунгузорӣ ва фаъол гардидани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ вобаста дониста мешавад. Қисми назарраси ин сармояҳо аз кишварҳои ИДМ ва ҳамчунин аз давлатҳои хориҷи дур ворид гардида, ба бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат ва инфрасохтор равона шудаанд. Мақомот таъкид мекунанд, ки чунин ҳаҷми сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.

Коршинсони соҳа бар инанд, ки танҳо зиёд шудани ҳаҷми умумии сармоягузорӣ наметавонад нишонаи кофии рушди устувори иқтисодӣ бошад. Муҳим аст, ки байни сармоягузории мустақими хориҷӣ, қарзҳои давлатӣ ва дигар шаклҳои ҷалби маблағ фарқ гузошт. Агар қисми зиёди ин маблағҳо ба шакли қарз ё сармоягузориҳои вобаста ба манфиатҳои хориҷӣ ворид шуда бошанд, таъсири дарозмуддати онҳо метавонад бо зиёд шудани қарзи давлатӣ ё берун рафтани фоида аз иқтисоди миллӣ маҳдуд гардад.

Як иқтисоддон, ки корманди ҳокимияти иҷроияи кишвар дар сатҳи маҳал мебошад, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Паём гуфт, ки сифати сармоягузорӣ аз ҳаҷми он муҳимтар аст. Сармоягузорӣ танҳо дар ҳолате ба рушди устувор мусоидат мекунад, ки он ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат, ворид шудани технологияҳои нав, рушди захираҳои инсонӣ ва гуногуншакл шудани иқтисод оварда расонад. Дар сурати равона шудани сармоя ба бахшҳои истихроҷӣ ё лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ки иштироки бахши хусусии дохилӣ дар онҳо маҳдуд аст, таъсири мусбати чунин сармоягузорӣ метавонад камтар бошад.

Ин коршинос бо нигаронӣ гуфт, ки аксари сармоягузориҳо, ки вориди кишвар мешаванд, бозгашташон чандин баробар аст. Хусусан, айни ҳол, ки ҷалби сармоя хеле мушкил шудааст, ба шартҳои сангини ҷалби сармоя аз ҷониби Тоҷикистон камтар аҳамият дода мешавад ва дар натиҷа, сармоя бештар ба худи соҳибаш манфиат меоварад ва ҷалбкунандаи сармоя танҳо нақши афзоишдиҳандаи сармояро мебозаду халос. Ҳамин аст, ки аз гузориши шаффоф дар бораи сармоягузориҳо мақомот худдорӣ мекунанд.

Ба назари ин иқтисоддон сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар арзёбии воқеии чунин нишондиҳандаҳо нақши муҳим дорад. Бе дастрасии маълумоти муфассал дар бораи таркиби сармоягузорӣ, манбаъҳо, шартҳои қарз ва натиҷаҳои иқтисодӣ, арзёбии дақиқи самаранокии онҳо душвор мегардад. Аз ин рӯ, барои хулосаи боэътимод на танҳо ба нишондиҳандаҳои умумӣ, балки ба таҳлили сохтор ва таъсири сармоягузорӣ ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ такя кардан зарур аст.

Ҳамин тавр зиёд шудани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ метавонад нишонаи мусбат бошад, аммо аҳамияти воқеии он танҳо дар асоси таҳлили сифати сармоя, самаранокии истифода ва таъсири он ба рушди дарозмуддати иқтисод муайян карда мешавад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *