
Неругоҳи «Шашволон» дар Нуробод аз соли 2019 кор намекунад
тасвири иллюстративӣ
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, неругоҳи хурди барқи обии «Шашволон» дар ноҳияи Нуробод аз соли 2019 ба сабаби норасоии об кор намекунад. Вазорат ин маълумотро 27 ноябр, пас аз боздиди вазир Далер Ҷумъа аз неругоҳ, дар канали расмии худ нашр кард.
Ба иттилои вазорат, неругоҳ соли 2010 бо иқтидори лоиҳавии 183 киловатт ба истифода дода шуд. Дар боздид имкони барқарор кардани кори он баррасӣ шуд, аммо вазорат муҳлат ё буҷаи барқарорсозиро эълон накард.
Вазорат ҳамчунин хабар дод, ки дар ноҳияи Лахш «Питовқул-1» кор намекунад ва «Питовқул-2» бо иқтидори 200 киловатт фаъол аст. Иқтидори лоиҳавии неругоҳи дуюм 1 104 киловатт аст.
