«Гурӯҳи 24» аз Олмон хост, Саидтаибро ба Тоҷикистон ихроҷ накунад

Ба дигарон фиристед

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» аз Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагон (BAMF) хостааст, аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Ба арзёбии ҳаракат, ӯ дар сурати бозгашт бо хатари боздошт, шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон рӯбарӯ мешавад.

«Гурӯҳи 24» изҳорот ва нусхаи ду номаро 4 ноябри соли 2026 нашр кард ва ҳар ду нома ба забони англисӣ, бо рақами 036/026 ва санаи 3 ноябр таҳия шудаанд.

Дар нома ба Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳаракат аз мақомот хостааст, ки хатари таъқибро ба назар гиранд. Ба унвони намуна, ҳаракат аз Билол Қурбоналиев ёд кардааст, ки ба гуфтаи он, соли 2024 дар Тоҷикистон ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Дар изҳороти худ “Гурӯҳи 24” Саидмамудовро фаъол ва ҷонибдори худ муаррифӣ карда, навиштааст, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахшҳои мустақими ҳаракат, сиёсати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ошкоро танқид мекард.

Ёдовар мешавем, ки «Паём ТВ» 2 ноябр хабар дода буд, ки Саидмамудов дар боздоштгоҳи ихроҷи шаҳри Ҳоф, дар Бавария, нигоҳ дошта мешавад. Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, ба «Паём ТВ» гуфта буд, ки фаъолон ният доранд ҳамроҳи вакили мудофеъ бо Саидмамудов мулоқот кунанд ва барои пешгирӣ аз ихроҷи ӯ иқдом намоянд.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Your email address will not be published. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.