Мизи нишаст бо микрофонҳо

Шӯрои иқтисодии ИДМ барномаи муҳоҷирати кориро тасдиқ кард

Ба дигарон фиристед

Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 27 ноябр дар Маскав барномаи ташкили бозори муштараки меҳнат ва танзими муҳоҷирати кориро тасдиқ кард. Дар ҷаласа Тоҷикистонро муовини аввали сарвазир Ҳоким Холиқзода намояндагӣ кард, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, барнома солҳои 2026 то 2030-ро дар бар мегирад. Он ҳамоҳанг кардани сиёсати бозори меҳнатро дар кишварҳои узв пешбинӣ мекунад. Риояи кафолатҳои шуғл ва ҳифзи меҳнат аз ҳадафҳои эълоншудаи барнома аст.

Дар рӯйхати қарорҳои ҷаласа ин барнома сабт шудааст. Дар иттилои нашршудаи сафорат ва Кумитаи иҷроия гуфта нашудааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон тартиби гирифтани иҷозати кор дар Русия кай ё чӣ гуна тағйир меёбад.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.