
ВКД барои Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ забондон меҷӯяд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 ноябри соли 2026 донандагони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро, барои кор дар Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии вазорат даъват кард.
Дар эълони расмӣ ВКД гуфтааст, ки ҳадафаш густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди робитаҳои касбӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ аст.
Пеш аз нашри ин эълон «Паём ТВ» дар барномаҳои видеоии худ тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳои ВКД барои истирдоди дигарандешони тоҷик аз кишварҳои мизбонро ғайриҳирфаӣ хонда буд. Созмонҳои байналмилалӣ низ дар бораи дархостҳои истирдод ва хатари бозгардонии маҷбурии мухолифони тоҷик гузориш додаанд.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия моҳи апрели соли 2024 аз боздошт, нопадидшавӣ ва хатари истирдоди афроди вобаста ба «Гурӯҳи 24» дар Литва, Лаҳистон ва Туркия хабар дода, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Туркия хоста буданд, дигарандешони тоҷикро ба Тоҷикистон барнагардонанд.
Human Rights Watch рӯзи 7 июли соли 2026 хабар дод, ки Олмон Асадулло Бобоев ва писарашро 20 июн ба Душанбе ихроҷ кард. Ба гуфтаи созмон, Бобоев баробари расидан боздошт шуд. HRW ӯро чаҳорумин фаъоли мухолифи тоҷик номид, ки аз соли 2023 ба ин сӯ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон боздошт шудааст.
Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) дар гузориши моҳи апрели соли 2026 ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ афзоиши фишор ба рӯзноманигорони тоҷики бурунмарзиро сабт кардааст. Кумита аз ҷумла ба парвандаҳои ҷиноии ғоибона ва фишор ба наздикони рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ишора кардааст.
Акс аз бойгонӣ: ВКД Тоҷикистон.

Average Rating