
Британия аз Тоҷикистон хост, издивоҷи кӯдаконро бидуни истисно манъ кунад
Британия аз Тоҷикистон хост, тамоми шаклҳои хушунати хонаводагӣ ва хушунат аз ҷониби шарики наздикро ҷиноят эътироф кунад ва бо ислоҳи Кодекси оила издивоҷи кӯдаконро бидуни истисно манъ намояд.
Ин тавсия дар изҳороти расмии намояндагии Британия дар Женева омадааст, ки 6 ноябри соли 2026 дар сомонаи ҳукумати ин кишвар нашр шуд. Санад ба баррасии даврии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Шурои ҳуқуқи инсони СММ марбут аст.
Британия ҳамчунин пешниҳод кардааст, мафҳумҳои ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ, терроризм ва амнияти миллӣ дақиқ шаванд, то баёни осоиштаи норозигӣ ва истифода аз озодии расонаҳо ҷазо дода нашавад. Дар изҳорот таъмини фаъолияти озоди рӯзноманигорон ҳам дар интернет ва ҳам берун аз он талаб шудааст.
Тавсияи дигар тасвиби Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси механизми мустақили миллии пешгирӣ аст.
Дар баробари ин, Британия қабули қонунҳои марбут ба баробарӣ ва тасвиби Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро истиқбол карда, иҷрои амалии онҳоро хостааст.
Инҳо тавсияҳои Британия ҳастанд. Посухи мушаххаси ҳайати Тоҷикистон ба онҳо дар санади нашршуда оварда нашудааст ва то замони таҳияи хабар дар ихтиёри «Паём» набуд.
Акси асосӣ: тасвири иллюстративӣ.
