
Роҳбари «Тоҷик Эйр» аз вазифа барканор шуд
Ҳукумати Тоҷикистон Парвиз Абдураҳим Шодмонзодаро аз вазифаи директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барканор кард.
Қарори ҳукумат таҳти рақами 717 рӯзи 4 ноябри соли 2026 қабул шудааст. Дар санад сабаби барканории Шодмонзода зикр нашудааст.
Дар маҷмуаи қарорҳои нашршуда ҳамчунин аз таъини роҳбари нави «Тоҷик Эйр» хабар дода намешавад.
