
Тағйироти роҳбарӣ дар Бадахшон: ректори донишгоҳ раиси Хоруғ шуд
Дар Бадахшон раиси Хоруғ, роҳбари ноҳияи Дарвоз ва ҳайати муовинони раиси вилоят иваз шуданд. Бо фармони 4 ноябр Амид Ёрбек Комилбек, ки то ин вақт ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин гардид.
Тибқи фармонҳои нашршуда, Ризо Шодӣ Назарзода аз раисии Хоруғ бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудааст. Ӯ дар ҳайати нави роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақоми муовини раиси вилоятро гирифтааст.
Мусо Одинамуҳаммад Мирзозода муовини якуми раиси ВМКБ таъин шуд. Диловаршо Насуллобек Насулобекзода ва Некруз Зиёвиддин Нуриддинзода низ муовинони раиси вилоят шуданд. Дар хабари расмӣ омадааст, ки Фурқати Ҳукумат ва Ҳабибулло Амирбекзода аз вазифаи муовини раиси вилоят бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудаанд.
Ҳабибулло Амирбекзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз таъин гардид. Ӯ ҷойи Умедҷон Саидҷон Носирзодаро гирифт, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод шудааст.
Бо қарори ҳукумат, Сироҷиддин Икром Раҷабзода ба ҷойи Комилбек ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин шуд.
Мақомот ин таъинотро як қисми тағйироти кадрӣ дар кишвар эълон кардаанд. Дар санадҳои нашршуда сабабҳои муфассали иваз шудани роҳбарияти Хоруғ ва Дарвоз шарҳ дода нашудааст.
Дар акс: Амид Ёрбек Комилбек. Акс: пешниҳодшуда ба «Паём».
