Бинои Ландтаги Нордрейн-Вестфалия дар Дюсселдорф

Кумитаи порлумони Нордрейн-Вестфалия ихроҷ ба Тоҷикистонро баррасӣ кард

Ба дигарон фиристед

Кумитаи ҳамгироии порлумони иёлати Нордрейн-Вестфалияи Олмон рӯзи 4 ноябр дар Дюсселдорф масъалаи ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва хатари таъқиби онҳоро пас аз бозгашт баррасӣ кард. Дар ин бора Фарҳод Одинаев, намояндаи мухолифони тоҷик, аз Дюсселдорф ба «Паём» хабар дод.

Тибқи рӯзномаи расмии Ландтаг, мавзӯи ихроҷ ба Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми кумита ба бахши «Масъалаи мубрами рӯз» (Aktuelle Viertelstunde) ворид шуда буд.

Ба гузориши Одинаев, баҳс дар кумита ба мавқеи ҳукумати иёлат ва шаффофияти раванди ихроҷ тамаркуз дошт. Ӯ гуфт, ки ҳукумати иёлат бояд шумораи ихроҷшудагонро расман эълон кунад ва шарҳ диҳад, ки қарорҳои ихроҷ бар асоси кадом меъёрҳо гирифта мешаванд ва хатари бозгашт чӣ гуна санҷида мешавад.

Фарҳод Одинаев назди бинои Ландтаг
Фарҳод Одинаев дар назди бинои Ландтаг дар Дюсселдорф

Ба гуфтаи Одинаев, аз ҷумла бояд рӯшан шавад, ки мақомоти Олмон пеш аз ихроҷ хатари таъқиби сиёсӣ, шиканҷа ва дигар мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон то чӣ андоза ба назар мегиранд. Ӯ бо ишора ба нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ гуфт, ки фаъолияти сиёсӣ, интиқоди ошкор аз мақомот ё робита бо гурӯҳҳои мухолиф метавонад пас аз бозгашт заминаи таъқиб гардад.

Фарҳод Одинаев дар шарҳи нави худ ба «Паём ТВ» гуфт, ки ба назари ӯ, Верена Шеффер, вазири умури паноҳандагони иёлат, вазъи Тоҷикистонро хуб омӯхтааст ва ба саволҳои вакилон посухҳои равшану асоснок дод. Аммо ба арзёбии Одинаев, вазир масъулияти иштибоҳҳоро ба дӯши Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагони Олмон (BAMF) гузошт ва ба нақши судҳо ишора накард. Ӯ мегӯяд, ки дар бархе аз парвандаҳои паноҳҷӯёни тоҷик пас аз радди дархост аз ҷониби BAMF, судҳо низ хатари бозгаштро ба қадри кофӣ арзёбӣ накардаанд.

Рӯзномаи олмонии NRZ 1 ноябр хабар дод, ки Асадулло Бобоев, фаъоли тоҷик, пас аз ихроҷ аз ноҳияи Клевеи ҳамин иёлат дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба навиштаи рӯзнома, то замони нашри гузориш дар соли 2026 аз ин иёлат 15 нафар ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Пойгоҳи Abschiebung NRW мегӯяд, ки аз соли 2023 дастикам чаҳор фаъоли тоҷик аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд ва се нафари онҳо дар Нордрейн-Вестфалия зиндагӣ мекарданд. Одинаев дар гузоришаш бо такя ба ҳамин манбаъ Дортмунд, Клеве ва Керкенро маҳалли зисти ин се нафар ном бурд. Ин омор танҳо ба парвандаҳои фаъолон дахл дорад, дар ҳоле ки рақами NRZ ҳамаи ихроҷҳо аз ин иёлатро дар соли ҷорӣ дар бар мегирад.

Дар ҳамин ҳол, дар иёлати Бавария Саидтаиб Саидмамудов, фаъоли тоҷик ва намояндаи ҷомеаи помирӣ, дар боздоштгоҳи ихроҷи шаҳри Ҳоф нигоҳдорӣ мешавад. «Паём» 2 ноябр аз нигаҳдории ӯ дар Ҳоф хабар дода буд. Эҳтимоли бозгардондани Саидмамудов ба Тоҷикистон нигарониҳоро аз таъқиби ӯ ба миён овардааст. Санаи эҳтимолии ихроҷ ва кишвари таъйиншуда ҳанӯз маълум нест.

Дар бораи қазияи Саидмамудов Одинаев ба «Паём» гуфт, ки фаъолон ният доранд ҳарчи зудтар ҳамроҳи як вакил бо ӯ мулоқот кунанд ва барои пешгирӣ аз ихроҷаш ба Тоҷикистон иқдом намоянд.

Ба иттилои Abschiebung NRW, Билол Қурбоналиев соли 2023 аз ҳамин боздоштгоҳ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва дар он ҷо ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар рӯзномаи расмии ҷаласа номи Бобоев ё Саидмамудов зикр нашудааст. «Паём» то замони навсозии матлаб тасдиқе дар бораи баррасии ҷудогонаи ин ду қазия ва матни посухи расмии ҳукумати иёлатро дар ихтиёр надошт.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Your email address will not be published. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.