Мусофирон бо ҷомадон дар фурудгоҳ

ЕФСР: Тоҷикистон наметавонад камбуди ҷойи корро ҳамеша бо муҳоҷират ҷуброн кунад

Ба дигарон фиристед

Фонди авруосиёии субот ва рушд (ЕФСР) ҳушдор медиҳад, ки барои Тоҷикистон нигоҳ доштани миқёси кунунии муҳоҷирати меҳнатӣ дар солҳои оянда душвортар мешавад. Ба арзёбии фонд, вобастагӣ аз муҳоҷират иқтисоди кишварро ба тағйири қоидаҳои кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон осебпазир мекунад.

Муаллифони гузориш мегӯянд, рушди иқтисодӣ худ аз худ ҷойҳои кории кофӣ бо шуғли расмӣ фароҳам намеорад. Ба гуфтаи онҳо, муҳоҷират ва шуғли ғайрирасмӣ бахше аз камбуди ҷойҳои кориро мепӯшонанд, бинобар ин сатҳи расмии бекорӣ вазъи бозори меҳнатро пурра нишон намедиҳад.

Фонд барои афзоиши ҷойҳои кори расмӣ рушди бахши хусусӣ ва беҳтар кардани шароити сармоягузориро тавсия медиҳад. Дар гузориши фонд вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин арзёбӣ оварда нашудааст.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Your email address will not be published. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.