Бинои рамзии додгоҳ ва тарозуи адолат

МУС ва кормандонаш барандаи Ҷоизаи Сахаров шуданд

Ба дигарон фиристед

Парлумони Аврупо Ҷоизаи Сахарови соли 2026 барои озодии андешаро ба Суди байналмилалии ҷиноӣ (МУС) ва кормандони он дод. Ин тасмим дар пасманзари таҳримҳои Амрико алайҳи додгоҳ гирифта шуд ва пуштибонӣ аз кори он дар таъмини адолати байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Роберта Метсола, раиси Парлумони Аврупо, барандаро рӯзи 22 октябр дар Страсбург эълон кард. Ӯ саҳми додгоҳро дар ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва адолат муҳим хонд. Тибқи эълони расмии Парлумони Аврупо, маросими супурдани ҷоиза моҳи декабр дар Страсбург баргузор мешавад.

BBC менависад, ки ҷоиза тақрибан ду ҳафта пас аз эълони таҳримҳои нави Доналд Трамп алайҳи МУС дода шудааст. Вашингтон додгоҳро ба таъқиби беасоси амрикоиҳо ва исроилиҳо муттаҳам мекунад. Амрико ва Исроил узви Оинномаи Рум нестанд.

МУС дар изҳороти худ аз 22 октябр гуфт, ҷоиза дар замоне дода мешавад, ки додгоҳ ва кормандонаш бо фишорҳои бесобиқа, аз ҷумла таҳримҳои халалрасон ба иҷрои вазифаҳояшон рӯ ба рӯ ҳастанд. Додгоҳ ин интихобро таъкиди аҳаммияти ниҳодҳои мустақили додгоҳӣ ва пуштибонӣ аз қурбониёни ҷиноятҳои вазнин донист.

МУС, ки аз соли 2002 фаъолият мекунад, ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноятҳо алайҳи башарият, наслкушӣ ва ҷинояти таҷовуз расидагӣ мекунад. Додгоҳ соли 2023 барои боздошти Владимир Путин ба иттиҳоми ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои ишғолшудаи Украина дастур содир кард. Русия ин интиқолҳоро эвакуатсия меномад. Соли 2024 МУС ҳамчунин барои боздошти Бинямин Нетаняҳу дастур дод. Исроил иттиҳомҳои додгоҳро рад мекунад.

Ҷоизаи Сахаров соли 1988 таъсис ёфта, ба номи мухолифи шӯравӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон Андрей Сахаров гузошта шудааст. Он ба шахсон ё созмонҳое дода мешавад, ки дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ саҳм мегузоранд.

Мавзӯи МУС ба Тоҷикистон низ дахл дорад. Тибқи эълони Freedom for Eurasia, рӯзи 10 апрели соли 2025 ин созмон, Бунёди байналмилалии ихтиёриёни Украина (FUVI) ва вакили намояндаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ба Додситонии МУС алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти баландпоя муроҷиат пешниҳод карданд. Муроҷиат бо пуштибонии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия омода шудааст.

Муаллифони муроҷиат мегӯянд, беш аз 60 мавриди нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон дар солҳои 2002–2024, аз ҷумла шиканҷа, боздошти худсарона, нопадидсозии маҷбурӣ ва кушторро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Онҳо талаб доранд, масъулияти роҳбарияти Тоҷикистон барои ҷиноятҳои алайҳи башарият таҳқиқ шавад.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *