
Русия бурдани беш аз як миллион рубли нақд ба Тоҷикистонро маҳдуд кард
Русия барои берун бурдани маблағи зиёда аз як миллион рубли нақд маҳдудияти нав ҷорӣ кардааст. Ин муқаррарот Тоҷикистонро низ фаро мегирад. Тибқи фармони нави мақомоти Русия, шахсони воқеӣ ҳақ надоранд беш аз як миллион рубли нақдро аз Русия ба Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар берун баранд.
Бар асоси муқаррароти нав, маҳдудият ҳамчунин ба интиқоли пули нақд ба Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл дорад. Ҳамзамон барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ қоида сахттар пешбинӣ шудааст. Барои онҳо берун бурдани рубли нақд, новобаста аз ҳаҷми маблағ, маҳдуд карда шудааст. Дар санад барои баъзе ҳолатҳо истисно низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар фурудгоҳҳои байналмилалии муайяншуда, дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бонкӣ дар бораи манбаи маблағ, имкони берун бурдани беш аз як миллион рубл вуҷуд дорад.
Мақомоти гумруки Русия ҳушдор додаанд, ки дар сурати нақзи муқаррароти нав маблағи аз ҳадди иҷозашуда зиёд метавонад мусодира шавад. Қоидаҳои нав аз 29 сентябри соли 2026 мавриди амал қарор гирифтаанд.
