Пули роҳҳо ва сарватҳои табиӣ ба куҷо мераванд?

Ба дигарон фиристед

Дар солҳои охир масъалаи хориҷ шудани сармоя аз кишварҳои дар ҳоли рушд ба минтақаҳои офшорӣ ба яке аз мавзӯъҳои марказии иқтисоди сиёсӣ табдил ёфтааст. Тибқи таҳқиқоти International Consortium of Investigative Journalists, ки лоиҳаҳои монанди OffshoreLeaks ва Panama Papers-ро роҳандозӣ кардааст, даҳҳо миллиард доллар аз кишварҳое, ки пӯшидакор  ва заифидора ҳастанд, тавассути ширкатҳои сабтиномшуда дар офшорҳо интиқол дода мешаванд. Тоҷикистон низ дар ин раванд истисно нест, зеро маълумоти фошшуда ва таҳқиқоти мустақили рӯзноманигорӣ нишон медиҳанд, ки қисмате аз бахшҳои калидии иқтисод ба шабакаҳои мураккаби молиявӣ пайваст шудаанд, ки шаффофияти онҳо маҳдуд аст. Соддатар гӯем, сарвати миллиро дуздони калон медузданд ва онро аз кишвар берун мекунанд.

Аз паи як кашмакаш бо ҳуши маснӯӣ маълумотҳое рӯи даст омаданд, ки таҳқиқи дурустии ин маълумотҳо маро хеле афсурда кард. Дар бахши саноати алюминий, ки яке аз манбаъҳои асосии даромади асъории кишвар маҳсуб мешавад, сохтори идоракунӣ ва тақсимоти фоида дар гузашта мавриди интиқоди коршиносони байналмилалӣ қарор гирифтааст. Тибқи баъзе телеграммаҳои дипломатии нашршуда аз ҷониби WikiLeaks, модели фаъолияти корхонаи алюминийи кишвар ба механизми “толлинг” такя мекунад, ки дар он ашёи хом аз ҷониби ширкатҳои миёнарав таъмин гардида, фоидаи асосӣ дар сатҳи ҳамин ширкатҳо нигоҳ дошта мешавад. Чунин модел дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун механизме тавсиф мешавад, ки метавонад ба интиқоли фоида ба юрисдиксияҳои дорои андозбандии паст мусоидат кунад. Ҳузури ширкатҳое, ки дар минтақаҳои офшорӣ сабти ном шудаанд, ин фарзияро тақвият медиҳад, ки қисми арзиши изофӣ аз иқтисоди миллӣ ба сирқат меравад.

Дар бахши инфрасохтор, бахусус роҳҳои пулакӣ, масъалаи шаффофият боз ҳам бештар аҳамият пайдо мекунад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки лоиҳаҳои “public-private partnership” (PPP) танҳо дар ҳолате самараноканд, ки сохтори моликият ва шартҳои молиявии онҳо барои ҷомеа равшан бошанд. Дар мавриди роҳи Душанбе–Чаноқ, маълумоти дастрас нишон медиҳад, ки ширкати идоракунанда, ширкати офшорӣ аст. Ин ҳолат дар бораи тақсимоти даромад, андозбандӣ ва масъулияти иҷтимоии ширкат саволҳои зиёд ба вуҷуд меорад, зеро дар шароити набудани шаффофият, ҷомеа имкони назорати самараноки истифодаи маблағҳоро аз даст медиҳад.

Ин ҳолат инро мемонад, ки меваи боғи назди ҳавлиятон чӣ қадар ҳосил кардааст, онро кӣ ғундоштааст, кӣ фурухтааст ва чӣ қадар маблағ шудааст, шумо хабар надоред ва ҳаққи донистан ҳам надоред. Сарватҳои табиӣ дар кишвар мисли ҳосили дохили боғи мост ва ба ҳар заррааш ҳар узви миллат ҳақдор аст ва бояд бидонад, ки бо онҳо чи муносибат мешавад.

Системаҳои молиявӣ ва бонкии кишвар, ки дар чунин равандҳо нақши муҳим доранд, асосан барои фаолиятҳои офшории як иддаи муайян хидмат мекунанд. Таҳқиқоти иқтисоддони машҳур Томас Пикетти (Thomas Piketty) нишон медиҳад, ки дар кишварҳои дорои институтҳои заиф, элитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аксаран аз сохторҳои молиявӣ барои интиқоли сармоя ба хориҷ истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон низ, тибқи баъзе гузоришҳои таҳқиқотӣ, мушкилоти марбут ба қарзҳои бахши пахта ва бонкдорӣ бо камбуди шаффофият ва назорати давлатӣ пайваст карда мешаванд, ки метавонад ба хориҷшавии сармояи миллӣ мусоидат намояд.

Бахши истихроҷи захираҳои табиӣ, аз ҷумла тилло ва нуқра, низ ба таври анъанавӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба хавфи “resource curse” дучор мешавад. Яъне сарватҳои табиӣ ба ҷойи рушд, сабаби фасод, нобаробарӣ ва ақибмондагии иқтисодӣ мешаванд. Тибқи назарияи иқтисодӣ, ки аз ҷониби  Ҷефри Сакс (Jeffrey Sachs) таҳия шудааст, дар сурати набудани институтҳои қавӣ, даромад аз захираҳои табиӣ метавонад ба рушди устувор нарасад, балки ба рехтани сарвати миллӣ ба дасти гурӯҳҳои маҳдуд оварда расонад. Ҳузури ширкатҳои сабтиномшуда дар минтақаҳои офшорӣ дар ин бахш метавонад нишондиҳандаи он бошад, ки механизмҳои тақсимоти даромад шаффоф нестанд.

Дар бахши телекоммуникатсия ва интернет, марказишавии идоракунӣ ва мавҷудияти сохторҳои ғайришаффоф метавонад на танҳо ба маҳдудияти рақобат, балки ба болоравии нархҳо ва паст шудани сифати хизматрасонӣ оварда расонад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки монополияҳои иттилоотӣ дар шароити набудани танзими мустақил метавонанд ба манбаи даромади ғайришаффоф табдил ёбанд, ки ин раванд бо истифодаи занҷираҳои молиявии фаромиллӣ тақвият меёбад.

Бинобар ин далелҳо, мушкилоти иқтисодии Тоҷикистонро танҳо бо омилҳои дохилӣ, монанди камбуди захираҳо, шарҳ додан нокифоя аст. Баръакс, мавҷудияти сохторҳои ғайришаффоф, истифодаи усулҳои офшорӣ ва заъфи институтҳои назоратӣ метавонанд ба хориҷшавии сармоя ва коҳиши имкониятҳои рушди иҷтимоӣ мусоидат намоянд. Ин хулоса бо натиҷаҳои таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла International Monetary Fund, мувофиқат мекунад, ки дар он таъкид мешавад, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва ислоҳоти институтсионалӣ шарти асосии рушди устувори иқтисодӣ мебошанд.

Муҳаммади Муҳиддин


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *