Осиёи Марказӣ: «Озодтарин» интернет дар Тоҷикистон будааст

Ба дигарон фиристед

Таҳлилгарони Cloudwards дар радабандии нави худ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо 56 балл баландтарин нишондиҳандаи «озодии интернет»-ро ба даст овардааст ва дар ҷойи миёнаи ҷадвали ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон 63 балл, Қазоқистон 36 ва Ӯзбекистон 24 балл гирифтаанд, дар ҳоле ки Туркманистон бо 16 балл яке аз маҳдудтарин фазоҳои интернетиро дар минтақа дорад.

Таҳқиқот бар асоси чаҳор меъёр, дастрасӣ ба торрентҳо, дастрасӣ ба мундариҷаи калонсолон, озодии баён дар интернет ва маҳдудияти VPN анҷом дода шудааст.

Аммо чунин натиҷа, ки Тоҷикистонро “пешсаф” нишон медиҳад, дар назари аввал метавонад воқеиятро пурра инъикос накунад. Зеро арзёбии техникӣ ва формалӣ бо шароити воқеии сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамеша мувофиқат намекунад. Дар Тоҷикистон, гарчанде ки баъзе хизматрасониҳо расман дастрасанд ва интернет нест, аммо фазои воқеии истифодаи интернет бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ рӯбарӯст ва қариб, ки ин интернети «озод»-ро дар кучаву болои бом ва дар тепаву баландиҳо мардум кофта мегардад.

Яъне, масъалаи дастрасӣ худ як мушкили калидӣ аст. Суръати интернет дар Тоҷикистон аз пасттаринҳо дар ҷаҳон боқӣ мемонад ва нархи он барои аҳолӣ нисбатан гарон аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто агар интернет “озод” ҳисоб шавад ҳам, на ҳама шаҳрвандон имкони истифодаи пурраи онро доранд. Дар бисёр минтақаҳо, махсусан деҳот, дастрасӣ ба интернет маҳдуд ё хеле суст аст.

Мушкили дигар масъалаи назорат ва худсонсурӣ аст. Гарчанде ки дар таҳқиқоти Cloudwards озодии баён ҳамчун яке аз меъёрҳо арзёбӣ шудааст, дар амал корбарон дар Тоҷикистон аксаран аз изҳори озоди назарҳои сиёсӣ худдорӣ мекунанд. Сабаб ин аст, ки таҷрибаи боздошт, фишор ва таъқиби блогерон, рӯзноманигорон ва фаъолони иҷтимоӣ мардумро тарсонидаву эҳтиёткор кардааст. Дар чунин шароит, ҳатто бидуни бастани расмии шабакаҳо, фазои интернет метавонад, мисли афсонаи «буд набуд» бошад. Чунонки дар худи таҳқиқот таъкид мешавад, дар баъзе кишварҳо тадбирҳои танзими интернет ба сензураи шадид табдил меёбанд.

Масъалаи VPN ва бастани платформаҳо ҳам мисли интернети «озод» аст. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои такрории маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, YouTube ва мессенҷерҳо сабт шудаанд, махсусан дар замонҳои ҳассоси сиёсӣ ё амниятӣ. Ҳарчанд VPN пурра манъ нашудааст, истифодаи он метавонад мушкил ва ноустувор бошад. Чизи дигар ин аст, ки VPN ба ту ҳамон замон лозим мешавад, ки ту интернет дорӣ, вале ба баъзе шабакаҳо, ки аз ҷониби мақомот масдуд шудаанд, бо истифодаи VPN ба он шабакаҳо ворид шавӣ. Аммо вақте худи ҳамон интернетро агар надошта бошӣ VPN ба чӣ дард мехурад? Дар асл истифодаи VPN суръати интернетро суст мекунад. Акнун, дар шароити Тоҷикистон, ки интернети «озод» мурам-мурам базур кор мекунад, VPN ба чӣ дард мехурад?

Ин ҳам ба дарак, набудани кафолатҳои ҳуқуқӣ як дарди сари иловагӣ аст. Қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ба мақомот имкон медиҳад, ки фаъолияти онлайнро назорат ва маҳдуд кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон барои навиштаҳо ё фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ин ҳолат мустақиман ба озодии баён таъсир мерасонад ва муҳити тарсро ба вуҷуд меорад.

Бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо, метавон гуфт, ки ҷойгиршавии Тоҷикистон дар радабандии Cloudwards бештар натиҷаи муқоисаи техникӣ аст, на нишондиҳандаи воқеии озодии интернет ба маънои васеи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ. Озодии интернет танҳо бо дастрасии техникӣ чен карда намешавад, балки бо қобили истифода будани он, бо сатҳи озодии баён, амнияти корбарон ва набудани тарс аз таъқиб муайян мегардад. Дар шароити Тоҷикистон, то замоне ки ин омилҳо таъмин нашаванд, ҳар гуна “пешсафӣ” дар радабандӣ бештар як афсонаи «буд набуд» хоҳад буд, на воқеият.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *