Абдусаттор Бобоев: “Дар қазияи Тоҷикистон бетараф набошед”

Фиристед

Вилнюс, Литва 13.05.2025

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), рӯзи сешанбе дар як ҳамоише бахшида ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Вилнюс, бо суханоне пурэҳсос, ҷомеаи байналмилалиро ба мавқеъгирии ҷиддӣ нисбат ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон фаро хонд.

Бобоев, ки дар ҷараёни баромади худ фоҷиаҳои ҷиддии инсонӣ ва сиёсии Тоҷикистонро баршумурд, таъкид кард, ки ҳазорон нафар танҳо ба хотири фаъолияти сиёсӣ ва ибрози андешаҳои мухолиф нисбати режими ҳоким дар зиндон ба сар мебаранд. Ӯ гуфт, бештари ин афрод аъзои ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухолифи сиёсӣ, рӯзноманигорон, фаъолони мустақил ва ҳатто аъзои хонаводаи онҳо мебошанд.

 “Бори дигар эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар қазияи Тоҷикистон бетафовут набошед ва ба ҳар тариқе, ки бошад, бар режими Тоҷикистон фишор биёваред, ки даст аз шиканҷа, зиндон карданҳо ва қатлу куштори фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва занону модарони бегуноҳ бардорад,” – изҳор дошт Бобоев.

Дар идомаи суханрониаш, Абдусаттор Бобоев ба мисолҳои мушаххаси зулму таъқиб дар Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки шумораи зиндониёни сиёсӣ аз 1000 нафар ҳам гузаштааст. Ба гуфтаи ӯ, даҳҳо рӯзноманигор, аз ҷумла Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Рухшона Ҳакимова ва дигарон танҳо ба сабаби фаъолияти касбии худ ва озодона иброз доштани андешаҳояшон равонаи зиндон шудаанд.

Вай инчунин таъкид намуд, ки дар солҳои охир падидаи одамрабоӣ ва шиканҷа ба як амали муқаррарӣ дар сиёсати давлат табдил ёфтааст. Аз ҷумла, рабуда шудани фаъолони сиёсӣ чун Эҳсон Одинаев ва Домулло Наимҷон Самиев аз қаламрави Русия ва бедарак шудани Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарипов дар Туркия, ки баъдтар маълум шуд дар зиндони Тоҷикистон қарор доранд, далели равшани поймолсозии ҳуқуқи байналмилалӣ ва дахлнопазирии инсон аст.

Раиси КШНГЗС бо андӯҳи зиёд аз сарнавишти модарони бегуноҳ, чун Шоҳида Муҳаммадҷонова, модари яке аз фаъолони сиёсӣ ёдовар шуд, ки ба хотири фаъолияти сиёсии фарзанди худ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ ҳамчунин мисоли Аслиддин Шариповро овард, ки ба ҷурми фаъолиятҳои сиёсии бародараш, журналист ва фаъоли сиёсӣ, Шавкати Муҳаммад, 12 сол зиндонӣ шудааст.

Абдусаттор Бобоев баргузории додгоҳҳои паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури расонаҳоро як нишонаи возеҳи беадолатӣ ва худсарии мақомоти Тоҷикистон хонд. Ба гуфтаи ӯ, далели асосии махфӣ нигоҳ доштани мурофиаҳо “пинҳон кардани ҳақиқат” аз ҷомеаи дохилӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, зеро ягон далели қонунӣ барои зиндонӣ кардани мухолифони сиёсӣ вуҷуд надорад.

Дар суханронии худ, Бобоев ҳамчунин ба вазъи фоҷиабори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ишора кард ва гуфт, садҳо нафар аз сокинони ин минтақа ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда, даҳҳо нафари дигар бо шеваи ваҳшиёна кушта шудаанд. Ӯ хоса ба минтақаи Язғулом ишора кард, ки бо аҳолии ҳудуди 7000 нафар, ҳамасола шоҳиди амалиёти шадиди ниҳодҳои амниятӣ ва қатли мардуми бегуноҳ аст.

Раиси КШНГЗС бо далелҳои мустанад аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ талаб кард, то дар муқобили режими худкомаи Тоҷикистон сукут накунанд ва бо фишори сиёсӣ, дипломатӣ ва ҳуқуқӣ, ин режимро водор ба риояи ҳуқуқи инсон намоянд.

 “Ман ба намояндагӣ аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дигар хомӯш набошанд. Тоҷикистон ба як зиндон табдил шудааст, ки ҳар гуна андешаи озод ба зиндон, шиканҷа ва ё куштор меанҷомад,” –  хулоса кард ӯ.

Дар поёни суханронӣ, Абдусаттор Бобоев аз ташаббускорони нишаст ва созмондиҳандагони ҳамоиш изҳори сипос намуда, даъват кард, ки зулм ва нақзи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон фаромӯш накунанд, зеро сукут дар баробари зулм, шарикӣ дар ҷиноят аст.

 

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *