Фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба режим: Талаби эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва шикоят ба ГААГА дар давоми якшабонарӯз

Фиристед

Созмонҳои байналмилалӣ аз роҳбарони Осиёи Марказӣ, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, талаб карданд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузоранд. Ҳамон шабурӯз парвандаи ӯ бо шумули тими ҷинояткораш ба Суди байналмилалии ҷиноятии Гаага ирсол шуд.

 Ҳашт созмони бонуфузи байналмилалӣ бо нашри як изҳороти муштарак аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоса Тоҷикистон, хостанд, ки ба уҳдадориҳои худ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал карда, ба фазои тарсу таъқиб хотима диҳанд. Изҳорот рӯзи 10 апрел, дар арафаи нишасти навбатии ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, интишор ёфт.

Ба ин эътилофи созмонҳо шомиланд:

  • Civil Rights Defenders

  • International Partnership for Human Rights

  • Araminta

  • Freedom Now

  • Norwegian Helsinki Committee

  • People in Need

  • International Federation for Human Rights (FIDH)

  • World Organisation Against Torture (OMCT)

Созмонҳо ёдовар шуданд, ки нишасти Самарқанд дар соли 2024 бо қабули эъломияе анҷом ёфт, ки дар он ваъда шуд, ҳуқуқи инсон, озодии баён, фаъолияти расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят шаванд. Аммо, ба гуфтаи муаллифони изҳорот, амалҳои баъдӣ аз тарафи ҳукуматҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, хилофи ин ваъдаҳо мебошанд.

Феҳристи зиндониёни сиёсӣ ва даъват ба раҳоии фаврӣ

Дар изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон талаб шуд, ки рӯзноманигорон ва фаъолони зерин фавран озод шаванд:

  • Рухшона Ҳакимова

  • Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

  • Аҳмади Иброҳим

  • Абдулло Ғурбатӣ

  • Далери Имомалӣ

  • Хуршеди Фозил

  • Хушом Ғулом

  • Завқибек Саидаминӣ

Инчунин, номи вакилони дифоъ ва фаъолон — Улфатхоним Мамадшоева, Бузургмеҳр Ёров, Манучеҳр Холиқзода ва Фаромуз Иргашов — зикр шудааст, ки бояд фавран раҳо карда шаванд.

Созмонҳо мегӯянд, ки боздошти беасоси ин афрод дар Тоҷикистон фазои тарс ва хомӯшии маҷбуриро миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки қонунҳои зидди ифротгароӣ дар минтақа — хусусан дар Тоҷикистон — барои таъқиби мухолифон, рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯиистифода мешаванд. Чанд нафаре, ки соли 2024 ба Тоҷикистон маҷбуран баргардонда шуданд, пас аз бозгашт боздошт, шиканҷа ва зиндонӣ шудаанд.

Дар ҳоле ки фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар алайҳи ҷиноятҳои зиддибашарии режими Тоҷикистон афзоиш меёбанд, се созмони байналмилалии ҳуқуқӣ — International Criminal Justice Alliance, Legal Support for Human Rights Defenders ва Global Accountability Network — эълон карданд, ки санадҳои марбут ба ҷиноятҳои эҳтимолии зидди башарият дар Тоҷикистонро ба Суди байналмилалии ҷиноятӣ дар Гаага (ICC) супурдаанд.

Дар ин санадҳо, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси масъули сиёсати давлати худ ва роҳбари ҳукумати мутамарказ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ба гуфтаи ин созмонҳо, далелҳои пешниҳодшуда шиканҷа, маҳдудсозии озодии баён, таъқиби мухолифон, ғайб задани фаъолон ва истифодаи ғайриқонунии ҳокимиятро дар бар мегиранд.

Ин қадам метавонад ба оғози расидагии расмии байналмилалӣ нисбат ба фаъолияти сиёсиву ҳуқуқии роҳбарияти Тоҷикистон роҳ кушояд ва ба таърихи Осиёи Марказӣ ҳамчун як падидаи бесобиқа ворид шавад.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *