
Ҷуброн барои қурбониёни қочоқи инсон ҳанӯз дар рӯйи мизи баҳс аст
Ҳамоиши Душанбе, 22 октябри 2026. Акс © OSCE/Anisa Hojieva, CC BY-ND 4.0.
Дар Тоҷикистон таъсиси фонди давлатии ҷуброн ба қурбониёни қочоқи инсон баррасӣ шудааст. САҲА дар иттилоияи 26 октябр хабар дод, ки намояндагони давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе камбудиҳои қонунгузорӣ ва роҳҳои ҳимояи осебдидагонро матраҳ кардаанд. Аммо муҳлати таъсиси фонд ва тартиби расидани маблағ ба қурбониён ҳанӯз дар ин иттилоия мушаххас нашудааст.
Ҳамоиш рӯзи 22 октябр бо ширкати 90 нафар баргузор шудааст. Онро комиссияи байниидоравии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба савдои одамон, Дафтари барномаҳои САҲА ва Созмони байналмилалии муҳоҷират ташкил кардаанд.
Ширкаткунандагон ҳимояи ҳуқуқи қурбониён, таъсиси фонди ҷуброн ва татбиқи асли ҷазо надодани осебдидагонро баррасӣ кардаанд. Ин асл ба шахсоне дахл дорад, ки дар натиҷаи бевоситаи қочоқи инсон ба амали ғайриқонунӣ маҷбур шудаанд. Ҷалби одамон тавассути интернет низ мавзуи баҳс будааст.
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бартараф кардани холигиҳои қонунгузориро зарур донистааст. Намояндаи САҲА Фейзо Нуманай гуфтааст, ки меъёри ҷазо надодани қурбонӣ аллакай ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар иттилоияи САҲА таъсис ёфтани фонд тасдиқ нашудааст. Ҳаҷми маблағ, манбаи таъмини он ва тартиби гирифтани ҷуброн низ зикр нашудааст.
Гиреҳи масъала маҳз ҳамин ҷост. Қурбонӣ ба ҳимояе ниёз дорад, ки дар зиндагияш асар гузорад. Баррасии фонд зарур аст, вале бе маблағ, масъули муайян ва муҳлати иҷрои он метавонад боз дар ҷузвдон бимонаду халос.
Шахси аз истисмор раҳоёфта бояд зиндагияшро аз нав ҷамъ кунад. Ҷуброн метавонад барои табобат, пайдо кардани ҷойи амн ва барқарор кардани зиндагии мустақил кумак кунад. Агар тамоми бори ин роҳ боз ба дӯши худи осебдида афтад, ҳимояи давлатӣ нимакора мемонад.
Меъёри ҷазо надодани қурбонӣ низ танҳо бо ворид шудан ба қонун вазифаашро иҷро намекунад. Муҳим аст, ки муфаттиш шахси маҷбуршударо шиносад ва бо ӯ ҳамчун ҷинояткор муносибат накунад. Барои арзёбии ин кор маълумоти равшан дар бораи амалияи тафтишотӣ ва додгоҳӣ зарур аст. Дар иттилоияи нашршуда чунин натиҷаҳо оварда нашудаанд. Ин худ далели иҷро нашудани қонун нест, аммо имкон намедиҳад, ки самаранокии онро бисанҷем.
Эътирофи камбудиҳои қонунгузорӣ аз ҷониби намояндаи баландпояи ВКД муҳим аст. Акнун навбати уҳдадории мушаххас ва ҳисоботдиҳист. Мақомот бояд нишон диҳанд, ки кадом камбудиро ислоҳ мекунанд, масъули иҷро кист ва мардум кай натиҷаро мебинанд. Бе ин, сухани ҷиддӣ ҳам ба ваъдаи навбатӣ табдил меёбад.
Ҷалби интернетиро низ бо ҳушдори умумии «эҳтиёт бошед» пешгирӣ кардан душвор аст. Шаҳрванд бояд тавонад пешниҳоди корро санҷад, бехатар муроҷиат кунад ва дар ҳолати хатар ёрӣ бигирад. Бо як тавсия масъулиятро ба гардани худи муҳоҷир бор кардан осон аст. Таъмини роҳи коршоями ҳимоя бошад, вазифаи давлат аст.
Ҷиддияти пешниҳодҳои Душанбе аз шумораи суханрониҳо маълум намешавад. Онро бояд аз кумаке санҷид, ки ба қурбонӣ мерасад, аз ҷуброне, ки пардохт мешавад ва аз ҳуқуқе, ки дар амал ҳифз мегардад. То он вақт, байни толори ҳамоиш ва зиндагии осебдидагон фосила боқӣ мемонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки садҳо нафар бо фиреби ширкатҳои ҷаълии миёнрав, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, вориди кишварҳои аврупоӣ ҳамчун корҷӯ ворид мешаванд. Баробари ворид шудан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ба ҷавобгарӣ кашида шудан бо ҳуҷҷати қалбакӣ онҳоро таҳдид мекунад.
Иддае дигар, бо ҳамингуна ҳуҷҷатсозиҳои қалбакӣ ба кишварҳои арабӣ ворид мешаванд. Хусусан ҷавонзанон баробари расиданашон «ба ҷои кор»-и ваъдашуда, ҳуҷҷатҳояшон кашида гирифта мешавад. Солҳо дар ҳоли нимаканизӣ мемонанд. Касе ҳам дар қиссаи буду боши расмии онҳо намешавад. Ҳарчанд дар талаботи қонунӣ ин амалҳо аз кӯчаи дигар мегузарад, месазад чунин равишҳоро низ як намуди дигари қочоқи инсон номид. Ин ҳама масоил низ бояд мадди назар бошанд.
Ҳамчунин як мавзуъи доғ набояд инҷо матраҳ нокарда монад. Рабудану пинҳонӣ ба Тоҷикистон бурдани дигарандешон масъалаи эҳтимоли муомилаҳои ғайриқонунӣ бо афроди алоҳида дар кишварҳои мизбонро низ пеш меорад. Дар ҳар қазияе, ки нишонаҳои ришва, сӯиистифода аз мақом ё ҳамкории пинҳонии маъмурон вуҷуд дорад, бояд занҷираи масъулият то охир таҳқиқ шавад. Кӣ роҳ кушод, кӣ чашм пӯшид ва кӣ дастур дод, набояд пушти ибораи умумии «ҳамкории амниятӣ» пинҳон монад. Бояд ин ҳам як намуди қочоқи инсон баррасӣ шавад.
Аммо масъулият танҳо ба гардани чанд маъмури эҳтимолан фасодзада намеафтад. Созмонҳои ҳуқуқи башар аз бозгардонии расмии фаъолони тоҷик ва хатари шиканҷаи онҳо низ ҳушдор додаанд. Аз ин рӯ, доштани мақоми паноҳандагӣ ва будубоши расмӣ худ ба худ кафолати амнияти паноҳанда нест. Давлати мизбон бояд қонун ва уҳдадориҳояшро дар амал риоя кунад.
Барои мақомоти Тоҷикистон ҳам мубориза бо савдои одамон наметавонад сипари таблиғотӣ бошад. Рабудан ва бозгардонии маҷбурии мухолифон ҳам таҳқиқи мустақил мехоҳанд ва ин ҳам метавонад қочоқи инсон дар сатҳи давлат унвон шавад. Ҳимояи инсон дар толори ҳамоиш ва дуздида овардани мунтақид аз хориҷ бо ҳам созгор нестанд.
