ИА таъсиси «марказҳои бозгашт»-и муҳоҷиронро тасвиб кард
Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 27 марти соли 2026 пешниҳоди баҳсбарангезро дар бораи таъсиси «марказҳои бозгашт» барои муҳоҷирон берун аз ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ кард. Тибқи ин қарор, ки бо 389 овоз ҷонибдор ва 206 овози мухолиф қабул шуд, кишварҳои узви ИА метавонанд шахсоне, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст, ба чунин марказҳо, ба мисли марказҳое дар кишварҳои Африқоӣ интиқол диҳанд. Дар доираи ин пешниҳод, барои онҳое, ки аз рафтан ба ин марказҳо саркашӣ мекунанд, ҷазоҳо, аз ҷумла боздошт ва манъи вуруд ба Аврупо пешбинӣ шудааст.
Ин иқдом дар пасманзари афзоиши фишорҳо барои сахттар кардани сиёсати муҳоҷират дар дохили Иттиҳоди Аврупо қабул гардидааст.
Ба иттилои Deutsche Welle ташаббуси мазкурро гурӯҳе аз кишварҳо, аз ҷумла Дания, Австрия, Юнон, Олмон ва Нидерланд пеш мебаранд. Аммо бархе кишварҳо, аз ҷумла Фаронса ва Испания, самаранокии чунин сиёсатро зери суол бурдаанд.
Ҳамзамон, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки интиқоли паноҳҷӯён ба марказҳои берун аз Иттиҳод метавонад онҳоро аз ҳимояи ҳуқуқӣ маҳрум созад. Ба гуфтаи намояндагони ин созмонҳо, чунин марказҳо метавонанд ба муҳите табдил ёбанд, ки дар он назорати ҳуқуқи инсон пурра таъмин намешавад.
Илова бар ин, бархе вакилони парлумон ба таъсири нерӯҳои ростгарои ифротӣ дар таҳияи ин қонун ишора мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар раванди мувофиқаи матни лоиҳа намояндагони ҳизбҳои муҳофизакор ва инчунин баъзе гурӯҳҳои ростгарои тундрав иштирок доштаанд.
Бо вуҷуди тасвиби ибтидоӣ дар Парлумони Аврупо, ин пешниҳод ҳанӯз ниҳоӣ нест. Марҳилаи навбатӣ музокирот миёни парлумон ва кишварҳои узв барои таҳияи матни ниҳоии қонун хоҳад буд.

Average Rating