Раҳмон бо даъвати Мирзиёев ба Ӯзбекистон меравад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор аст бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санаҳои 26-27 март сурат мегирад ва интизор меравад, ки мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор шаванд. Дар доираи гуфтушунидҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҷонибҳо метавонанд масъалаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъмини амниятро низ баррасӣ намоянд.
Муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои охир тамоюли беҳбудӣ доранд ва сафарҳои сатҳи олӣ ҳамчун яке аз нишонҳои асосии таҳкими ин раванд арзёбӣ мешаванд.

Average Rating