Amnesty International: Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оташбас дар Ғазза талош кунад
Дар солгарди дуюми оғози низои маргбор миёни Исроил ва навори Ғазза, Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон, Amnesty International бо нашри як изҳорот, хостори иқдомоти фаврии ҷомеаи байналмилалӣ барои хотима бахшидан ба хунрезиҳо ва ранҷу азоби мардуми осоишта дар минтақаи ишғолшудаи Ғазза гардид.
Кристян Бенедикт, як масъули Созмони Авфи байналмилал (Amnesty International), рӯзи 7-уми октябри соли 2023, аз ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи Ҳамос ба ҷануби Исроил ва дар натиҷа беш аз 1,200 нафар, ки аксаран ғайринизомиён буданд, кушта ва 251 нафар гаравгон гирифта шуданашон ёдовар шуда, гуфтааст, ки «ҳоло ҳам, 20 нафар аз гаравгонҳо дар асорати гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Навори Ғазза боқӣ мондаанд.»
Дар идомаи изҳорот, Amnesty International таъкид мекунад, ки посухи низомии Исроил ба ин ҳамла «таҳдиди мустақим ба ҳаёт ва ҳуқуқи мардуми осоишта» будааст. Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, аз моҳи октябри соли 2023 то октябри 2025, дар натиҷаи амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза беш аз 67,000 фаластинӣ, ки аксаран аҳолии ғайринизомӣ будаанд, ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, 90% манзилҳои зист пурра ё қисман хароб шуда, бештари аҳолӣ ба таври иҷборӣ кӯчонда шудаанд.
«Аксарият дар шароити гуруснагӣ, муҳосираи иқтисодӣ ва нобудшавии инфрасохтор ба сар мебаранд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки мардуми Ғазза ба шароите дучор шудаанд, ки ба таъбири ҳуқуқӣ, генотсид мебошад», — омадааст дар изҳорот.
Созмон аз нақши кишварҳои абарқудрат, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар пуштибонии низомии Исроил изҳори нигаронӣ карда, муҳосираи 18-солаи ғайриқонунии Ғаззаро яке аз омилҳои асосии шиддатёбии буҳрон номидааст.
Созмони Авфи байналмилал аз ҳукумати Британия ва дигар кишварҳо хостори Қатъи содироти силоҳ ба Исроил, талош барои ба поён додани “генотсид” нисбати мардуми Фаластин, озодкунии фаврии тамоми гаравгонҳои ғайринизомӣ аз ҷониби гурӯҳҳои фаластинӣ, таъмини оташбаси доимӣ аз ҷониби ҳамаи тарафҳо шуд.
Кристян Бенедикт мегӯяд, ки дар чунин шароити фоҷиабор, ки ҷомеаи башарият шоҳиди азоби беандоза аст, «мо ҳақ надорем бетараф бошем».
Дар анҷоми изҳорот, Созмони Авфи байналмилал мардумро ташвиқ мекунад, ки бо истифода аз абзорҳои дастрас ва имзои ҳамсадоии дастаҷамъӣ пуштибонии худро аз ҳуқуқи башар дар Фаластин дареғ надоранд.
«Ин буҳрон бояд хотима ёбад. Инсонҳо дигар тавоноии таҳаммули ин даҳшатро надоранд», — таъкид шудааст дар охири изҳорот

Average Rating