ИМОМ: «Дар Тоҷикистон бояд Путин боздошт шавад»

Ба дигарон фиристед

Иттиҳодияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ (ИМОМ) бо нашри як изҳорот талаб кард, ки дар сурати сафари Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ бояд мувофиқи қарори Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) фавран боздошт шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори Статути Рим мебошад, ки пояи ҳуқуқии фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро ташкил медиҳад. Бар асоси ин статут, давлатҳои узв уҳдадоранд қарорҳои ДБҶ-ро иҷро намоянд, аз ҷумла боздошти Владимир Путинро. Боздошт накардани шахсе, ки аз ҷониби ДБҶ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, ба обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ осеб мерасонад. Иттиҳодияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз мақомоти расмии кишвар талаб карда, ки «ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ арҷ гузоранд, қарорҳои Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро эҳтиром кунанд ва аз ҳар гуна иқдомҳое, ки метавонад мавқеи ҳуқуқии давлатро зери шубҳа қарор диҳад, худдорӣ намоянд.»

Мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории миллӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, рад кардан ва ё боздошт накардани Владимир Путин дар Тоҷикистон на танҳо нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, балки поймолсозии Конститутсияи кишвар низ хоҳад буд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *