Дар Варшава Конфронси байналмилалӣ оид ба демократия ва ченаки инсонӣ оғоз шуд
Варшава, 6 октябр. Имрӯз соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Варшава Конфронси байналмилалӣ оид ба демократия ва ченаки инсонӣ (Warsaw Human Dimension Conference 2025) ифтитоҳ ёфт. Ин ҳамоиш бузургтарин платформаи солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА/OSCE) ба шумор меравад, ки дар он намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил ширкат меварзанд.
Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистониён низ намояндагони созмонҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии мухолиф, рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи инсон ҳузур доранд.
Паём ТВ ва гурӯҳи кории он низ дар конфронс сабти ном шуда, дар ҷараёни он ширкат доранд ва дар назар аст аз рафти Конфронс нашри гузоришҳои мустақим ва таҳлилӣ омода хоҳанд кард.
Бино ба иттилои хабарнигори Паём ТВ, дар рӯзи аввали конфронс намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Паймони миллии Тоҷикистон, дигар фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик ширкат намудаанд.
Конфронси мазкур, ки ҳамасола дар Варшава баргузор мегардад, аз муҳимтарин рӯйдодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва демократия дар фазои САҲА ба ҳисоб меравад. Дар давоми ду ҳафта, иштирокчиён масъалаҳои мубрами озодии баён, истиқлолияти судҳо, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, озодии дин ва нақши ҷомеаи шаҳрвандиро муҳокима мекунанд.
Зимнан, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ҳамасола дар ин ҳамоиш ширкат варзида, бо пешниҳоди гузоришҳо ва баромадҳои худ диққати созмонҳои байналмилалиро ба вазъи ҳуқуқи инсон, набуди озодиҳои сиёсӣ ва фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ҷалб менамоянд.
Ногуфта намонад, тӯли чанд сол аст, ки ҷойи нишасти намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ин Конфронс холӣ аст ва онҳо ширкат намекунанд. Яке аз сабабҳои адами ширкати Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бино ба навиштаҳои расонаҳо, ин норизогии онҳо аз ширкати фаъолонаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар ин Конфронс будааст.
Конфронси ченаки инсонӣ ва демократияи САҲА то охири ҳафтаи оянда идома хоҳад ёфт. Гузоришҳо ва мусоҳибаҳои мустақим аз ҷараёни он дар шабакаҳои Паём ТВ ва сомонаи расмии он мунташир хоҳанд шуд.





Average Rating