Чаҳор узви нав ба ҳайати Раёсати Олии ҲНИТ пазируфта шуданд
Дирӯз 13 июли соли 2025, дар ҷаласаи Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) чаҳор узви нав ба ҳайати Раёсати Олии ҳизб интихоб гардиданд.
Тавре сухангӯи ҲНИТ Бобоҷон Қаюмзод хабар дод, номзадии Саидмаҳмуд Саидов, Абдуқодир Шехов, Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад) ва Фарҳод Одинаев аз ҷониби раиси ҳизб пешниҳод шуда, пас аз баррасӣ ва овоздиҳии аъзои Раёсати Олӣ пазируфта шуд.
Ба гуфтаи намояндагони ҲНИТ, ҷалби аъзои нав ба ҳайати Раёсати Олӣ як қадами муҳими дигар дар ҷараёни ислоҳот ва таҳкими фаъолияти дохилии ҳизб арзёбӣ мегардад. Ин қарор бо ҷонибдории аксарияти аъзои Раёсат қабул шудааст.
Раёсати Олии ҲНИТ мақоми олии роҳбарикунандаи ҳизб маҳсуб ёфта, дар ташаккули сиёсати дохилиҳизбӣ ва роҳандозии барномаҳои стратегии ҳизб нақши калидӣ мебозад.
Хонданиҳо
ПМТ шӯрои нави худро интихоб кард
Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябри соли 2025 дар шаҳри Варшава интихоботи ҳайати нави Шӯрои худро баргузор намуд. Тибқи иттилоияе,...
Тоҷикистон Толибонро ба расмият шинохт?
Шабакаи хабарии «Ҳурият» бо такя ба манобеаш аз вилояти Балхи Афғонистон иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон сафири Аморати исломии Афғонистонро...
ПМТ аз натиҷаҳои ҷаласаи байни ИА ва Тоҷикистон истиқбол кард
Паймони Миллии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз натиҷаи ҷаласаи понздаҳуми гуфтугӯи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон,...
Султонзода: Шиканҷа дар Тоҷикистон як падидаи системавӣ ва решадор аст
Дар Конфронси байналмилалии Демократия ва арзишҳои инсонии САҲА, ки бо ҳузури намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Варшава...
Шоҳнаими Карим: «Говсуд» бо услуби Эмомалӣ Раҳмон
Дар Конфронси байналмилалии САҲА оид ба демократия ва арзишҳои инсонӣ, Шоҳнаими Карим (Мирзорахим Кузов) намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо...
Табрики Кабирӣ ба муносибати рӯзи таваллуди Шоҳзода Раҳим Оғохони V
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамаи ҳамватанони исмоилӣ дар Тоҷикистон ва исмоилиёни ҷаҳонро ба муносибати рӯзи таваллуди Шоҳзода...

Average Rating