
Киштии навсохти чинии худравбари офтобӣ 4000 худравро ба Юнон овард
Киштии аз ҳама бузурги ҷаҳон барои интиқоли худравҳо, ки бо энергияи офтобӣ кор мекунад, нахустин сафари худро бо муваффақият анҷом дод
Киштии «Юан Хай Коу», ки аз ҷониби ширкати China COSCO Shipping Corporation сохта шудааст, нахустин сафари худро бо комёбӣ анҷом дод ва 4 000 худрави истеҳсоли Чинро ба бандари Пирейи Юнон расонд. Ин киштӣ калонтарин киштии худравбар дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки бо системаи калонтари энергияи офтобӣ барои киштиҳо муҷаҳҳаз аст. Қудрати ин система 302,8 кВт буда, солона то 410 000 кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.
Дарозии киштӣ 199,9 метрро ташкил дода, иқтидори ҷойгиркунии умумии он (валовая вместимость) 68 252 тонна ва иқтидори ба об фурӯрафтан (водоизмещение) — 39 069 тонна мебошад. Киштӣ дорои 12 саҳни махсус буда, имкон медиҳад, то 7 000 воситаи нақлиёт, аз ҷумла худравҳо, автобусҳо ва техникаи муҳандисӣ интиқол дода шаванд.
«Юан Хай Коу» бо системаи ду навъи сӯзишворӣ кор мекунад ва он метавонад бо гази табиии моеъшуда (СПГ) ва мазут фаъолият намояд. Ин технологияи омехта, ба киштӣ имкон медиҳад, ки истеъмоли энергияро нисбат ба киштиҳои маъмулӣ то 20% коҳиш диҳад ва партоби гази карбон (CO₂)-ро то 24% камтар гардонад. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як сафари дутарафа миёни Чин ва Аврупо партобҳои гази карбонро тақрибан то ба 2 100 тонна коҳиш медиҳад.
Киштӣ ҳамчунин бо системаи интеллектуалии мониторинг муҷаҳҳаз аст, ки ҷойгиршавии дақиқи худравҳои барқиро дар саҳн пайгирӣ намуда, эҳтимоли сӯхторро барвақт муайян мекунад. Ин бахусус ҳангоми интиқоли худравҳои дорои технологияҳои нави энергетикӣ аҳамияти калон дорад.
«Юан Хай Коу» намунаи муҳим ва пешрафтаи интиқоли баҳрии экологӣ мебошад, ки имкони воридсозии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро ба соҳаи киштиҳо ба намоиш гузошт. Ин дастоварди нав нишон медиҳад, ки саноати баҳрӣ метавонад бо истифода аз технологияи тоза ва каммасраф, ба ҳифзи муҳити зист ва коҳиши тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад.
Average Rating