Дар зиндони Душанбе боз як зиндонии сиёсӣ фавтид

Ба дигарон фиристед

Аслан Гулобов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиндонии сиёсӣ аз ВМКБ, дар синни 35-солагӣ дар зиндони махсуси пойтахт фавтид. Наздикон ва манобеи ҳуқуқӣ сабаби марги ӯро ба нарасидани ёрии тиббии саривақтӣ рабт медиҳанд.

Дар шаби 9-уми июни соли 2025 дар зиндони махсуси маҳкумшудагон ба ҳабси абадӣ дар шаҳри Душанбе як зиндонии сиёсӣ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ,  Аслан Гулобов, сокини шаҳри Хоруғ, дар синни 35-солагӣ фавтид.

Тавре рӯзноманигор Анора Саркорова дар Телеграм-канали худ бо такя ба иттилои манобеи наздик ба маҳбас хабар додааст, сабаби марги ӯ эҳтимолан дарди шадиди меъда (захм ё яра) ва перитонит (илтиҳоби шикам) будааст, ки дар пайи адами кӯмаки тиббии саривақтӣ ӯро ба марг рӯ ба рӯ кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, маъмурияти зиндон аз вазъи саломатии ӯ бохабар будааст, вале ба муроҷиат ва дархостҳои кӯмак вокуниши ҷиддӣ нишон надодааст.

Аслан Гулобов моҳи августи соли 2022 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Ӯро дар қатли генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдулло Назаров, ки соли 2012 ба вуқӯъ пайваста буд, гунаҳкор донистанд. Вале хешовандонаш, ҳуқуқдонҳо ва фаъолони минтақаи ВМКБ таъкид мекунанд, ки парвандаи ӯ дорои ангезаҳои сиёсӣ буд ва ҳукм бар асоси шиканҷа ва иттиҳомҳои беасос содир шудааст.

Марги Гулобов дар замоне рух медиҳад, ки созмонҳои ҳуқуқи башар пайваста аз вазъи ноқис ва беадолатонаи зиндониён дар Тоҷикистон, бахусус маҳбусони минтақаи Бадахшон, изҳори нигаронӣ мекунанд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *