Иди Қурбон муборак!

Ба дигарон фиристед

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон

Бо фарорасии Иди мубораки Қурбон, яке аз муҳимтарин идҳои исломӣ, ҳайати «Паём ТВ» тамоми мусалмонони ҷаҳон, махсусан мардуми азизи Тоҷикистонро бо самимият ва эҳтироми хосса табрику таҳният мегӯяд.

Иди Қурбон рамзи итоат, ихлос ва қурбонӣ дар роҳи ҳақ аст. Он ба мо таълим медиҳад, ки рӯй овардан ба Худо ва фидокорӣ барои ҳақиқат ва инсонгароӣ, аз муҳиму олитарин арзишҳои зиндагии мӯъмин мебошад. Дар ин рӯз мо на танҳо бо қурбонӣ кардан ва ёд кардани Иброҳими Халилуллоҳ (а) ва Исмоили Забиҳуллоҳ (а) робитаи худро бо суннати илоҳӣ тақвият мебахшем, балки аҳд мекунем, ки дар зиндагии ҳаррӯзаи худ низ адолат, эҳсон, раҳм ва башардӯстиро раҳнамо қарор медиҳем.

Умедворем, ки ин иди муборак барои ҳар хонавода фазои сулҳ, баракат ва муҳаббат оварад, қалбҳоро ба ҳам наздик созад ва ҷомеаамонро ба сӯи ваҳдат, огоҳӣ ва рушд раҳнамоӣ намояд.

Иди Қурбон муборак бод!
Бо эҳтиром ва дуои нек,

«Паём ТВ»


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *