Муҳиддин Кабирӣ барои 4 соли дигар раиси ҲНИТ интихоб шуд

Ба дигарон фиристед

Дафтари матбуотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) хабар дод, ки имрӯз,   24 майи 2025, дар шаҳри Вилнюси Литва ҷаласаи навбатии Раёсати Олии ҳизб баргузор шуда, дар он раиси нави ҳизб интихоб гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, ки бо ҳузури 23 нафар аз 25 узви Раёсати Олӣ сурат гирифт, масъалаи интихоботи раиси ҳизб, ки моҳҳо боз мавзӯи баҳсу таваҷҷуҳи расонаиву дохилиҳизбӣ буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози ҷаласа 7 номзад барои мақоми раисӣ пешниҳод шуданд: Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Мирзораҳим Кузов, Маҳмудҷон Файзраҳмон, Шамсиддин Саидов, Илҳомҷон Ёқубов ва Муҳиддин Кабирӣ.

Пас аз баҳсҳо ва баррасиҳо, 5 нафар номзадии худро пас гирифтанд ва овоздиҳӣ миёни ду номзад — Мирзораҳим Кузов ва Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифт.

Бар пояи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ, Муҳиддин Кабирӣ бо гирифтани 14 овоз раиси ҲНИТ интихоб шуд. Мирзораҳим Кузов 6 овоз ба даст оварда, 3 узви Раёсат дар овоздиҳӣ ширкат накарданд.

Ҳамзамон, раиси тозаинтихоб Муҳиддин Кабирӣ номзадии Шоҳнаими Каримро ба вазифаи раиси Комиссияи тафтишотии ҳизб пешниҳод кард, ки бо 18 овоз ҷонибдорӣ ва 1 овоз мухолифат пазируфта шуд. 4 нафар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, интихоботи мазкур як қадами муҳим дар ҷараёни рушди дохилии ҳизб арзёбӣ мешавад ва аз омодагии ин нерӯи сиёсӣ барои идомаи фаъолиятҳои сиёсиву ташкилии худ дарак медиҳад.

 


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *