Мукофот барои «донос» — Русия шаҳрвандонашро ба шикорчиёни муҳоҷирон табдил медиҳад

Фиристед

Вакилон дар Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд ки ба шаҳрвандон барои хабар дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ музд дода шавад.

Як гурӯҳи вакилон аз ҳизби «Одамони нав» (Новые люди) дар Думаи давлатӣ пешниҳоди баҳсбарангезе ироа карданд: барои шаҳрвандони Русия, ки дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, мукофоти пулӣ дода шавад.

Тибқи ин пешниҳод, ҳар шаҳрванде, ки маълумоти боэътимод дар бораи нафарони хориҷие медиҳад, ки бе сабти номи расмӣ, бе патенти меҳнатӣ ё бе раводиди дуруст дар Русия иқомат мекунанд, метавонад аз ҳар як муҳоҷири «ғайриқонунӣ»-и боздоштшуда ба таври расмӣ маблағи мукофотӣ дарёфт намояд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, вакилон пешниҳод кардаанд, ки нисфи маблағи ҷаримаи 100 ҳазор рубл, ки ба муҳоҷири депортшаванда баст мешавад, ба фоидаи он шаҳрванд гузаронида шавад, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар додааст. Инчунин, пешниҳод шудааст, ки молу мулки муҳоҷири ғайриқонунӣ мусодира шуда, қисман ба шаҳрванд дода шавад.

Ин иқдом дар пасманзари дигар тағйироти сиёсати муҳоҷиратии Русия матраҳ мешавад. Аз 5 феврали соли 2025, Вазорати корҳои дохилии Русия ҳақ дорад, бидуни ҳукми додгоҳ, муҳоҷиронро ихроҷ намояд. То ин вақт, чунин ваколат танҳо ба додгоҳҳо ва Хадамоти сарҳадӣ дода мешуд.

Дар ҳамин ҳол, бо фармони президенти Русия муҳлати расмӣ кардани мақоми ҳуқуқии хориҷиён дар қаламрави кишвар то 10 сентябри соли 2025 тамдид шудааст. То ин сана, ҳама муҳоҷирон бояд мақоми будубоши худро танзим кунанд, вагарна маҷбуранд кишварро тарк намоянд. Мӯҳлати қаблӣ 30 апрел муқаррар шуда буд.

Ҳамзамон, вакили дигар — Сергей Миронов, пешниҳод кардааст, ки фарзандони муҳоҷирони ғайриқонунӣ набояд ҳаққи таҳсил дар боғчаҳои давлатии Русияро дошта бошанд. Ӯ далел овардааст, ки ин кӯдакон аксаран эмгузаронӣ намешаванд ва аз муоинаҳои тиббии ҳатмӣ намегузаранд, ки ба гуфтаи ӯ, хатари паҳншавии бемориҳои сироятиро ба бор меорад.

Коршиносон мегӯянд, ин сиёсатҳои нав нишон медиҳанд, ки ҳукумати Русия дар шароити тангнои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои аслии дохилӣ ба «таҳдиди хориҷӣ» — яъне муҳоҷирон равона созад. Ташвиқи шаҳрвандон барои «донос» кардан ва гирифтани мукофоти молӣ, хатари кинапароканӣ, табъиз ва ксенофобияро дар ҷомеа зиёд мекунад ва метавонад ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва арзишҳои инсондӯстона дар Русия бианҷомад.


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *