
Тромп тарҳи 10-бандии Эронро пазируфт?
Ҷумҳурии Исломии Эрон тарҳи даҳбанди худро барои қатъи даргириҳо пешниҳод кардааст ва ин тарҳ ҳамчун асоси оташбас аз тарафи Амрико пазируфта шудааст ва ба гуфтаи манобеи эронӣ, Доналд Тромп ин тарҳро расман қабул кардааст.
Як манбаи огоҳи эронӣ дар суҳбат бо хабаргузории Fars News Agency (Форс) ҷузъиёти тарҳи даҳбанди пешниҳодии Ҷумҳурии Исломии Эронро шарҳ додааст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳамчун асоси тавофуқи оташбас пазируфта шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ин тарҳ чорчӯби ниҳоии қатъи даргириҳоро муайян намуда, чанд банди калидиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар он қатъи пурраи ҳар гуна ҳамла ба Эрон ва гурӯҳҳои ҳампаймони он, аз ҷумла Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ ва нерӯҳои сафарбарии мардумии Ироқ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар тарҳ баровардани нерӯҳои низомии Амрико аз минтақа, манъи истифодаи пойгоҳҳо барои ҳамла ба Эрон ва худдорӣ аз ҳар гуна омодагии ҷангӣ зикр гардидааст. Аз дигар бандҳо бекор кардани пурраи ҳамаи таҳримҳо алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳримҳои якҷониба ва байналмилалӣ, ҷуброни зарарҳои расида ба Эрон тавассути таъсиси як сандуқи молӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Дар баробари ин, Эрон омодагии худро барои насохтани силоҳи ҳастаӣ эълом намуда, дар айни замон талаб кардааст, ки ҳаққи ғанисозии уран аз ҷониби Амрико пазируфта шавад ва музокираҳо дар бораи сатҳи он идома ёбанд. Инчунин, дар тарҳ зикр шудааст, ки Эрон омода аст дар бораи созишномаҳои сулҳи дуҷониба ва чандҷониба бо кишварҳои минтақа, мутобиқ ба манфиатҳои худ, гуфтугӯ анҷом диҳад.
Ҳамзамон, дар ин пешниҳод хотима бахшидан ба ҳамаи қарорҳои марбут ба Эрон дар Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шуда, таъкид шудааст, ки ҳамаи ӯҳдадориҳо бояд дар шакли як қарорномаи расмии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гарданд.
Ба гуфтаи манбаъ, Эрон тарҳи понздаҳбанди пешниҳодии Амрикоро рад намуда, қабули оташбасро ба пазируфтани ҳамин тарҳи худ вобаста кардааст. Дар ниҳоят, гуфта мешавад, ки Доналд Тромп ба таври расмӣ тарҳи даҳбанди Эронро пазируфтааст.
Дар баробари ин, расонаҳои бонуфузи амрикоӣ ва байналмилалӣ ба ин хабар бо эҳтиёткорӣ ва шубҳаи бештар менигаранд. Ба навиштаи The New York Times ва Reuters, то ҳол ҳеҷ тасдиқи мустақили расмӣ аз ҷониби мақомоти Амрико дар бораи пазируфтани чунин тарҳи даҳбанди Эрон нашр нашудааст ва манобеи расмӣ аз шарҳи ҷузъиёти музокироти эҳтимолӣ худдорӣ мекунанд.
Гузоришҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки музокироти марбут ба барномаи ҳастаии Эрон ва масъалаҳои амниятӣ дар минтақа одатан бисёрмарҳилавӣ ва мураккаб буда, қабули як тарҳи ҳамаҷониба дар як марҳила камэҳтимол ба назар мерасад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳар гуна тавофуқи эҳтимолӣ миёни Эрон ва Амрико ниёз ба музокироти тӯлонӣ, ҷалби шарикони байналмилалӣ ва баррасии дақиқ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ дорад.
Ҳамчунин, бархе расонаҳо, аз ҷумла BBC News, ишора мекунанд, ки масъалаҳое чун лағви пурраи таҳримҳо, баровардани нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи ғанисозии Эрон аз ҷумлаи мавзӯъҳои хеле ҳассос ва баҳсталаб мебошанд, ки мавқеи Амрико ва муттаҳидонаш дар бораи онҳо то ҳол сахтгирона боқӣ мондааст.
Аммо, бархе сиёсатмадорон ва таҳлилгарони амрикоӣ низ ба тағйироти ахир ишора мекунанд. Аз ҷумла, сенатори маъруфи амрикоӣ, Чак Шумер (Chuck Schumer) дар вокуниш ба ин таҳаввулот навиштааст, ки “Тромп аз мавқеи худ ақибнишинӣ кард ва акнун ба таври ноумедона дар ҷустуҷӯи роҳи баромад аз изҳороти шадиди қаблии худ аст.”
Ҳамзамон, бархе таҳлилгарони амрикоӣ ин равандро нишонаи тағйири тавозуни қудрат дар сатҳи ҷаҳонӣ медонанд. Роберт Пейп (Robert A. Pape), профессори донишгоҳи Чикаго, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки тарҳи даҳбанди сулҳ, ки гуфта мешавад аз ҷониби Тромп “қобили қабул” дониста шудааст, метавонад ба гуфтаи ӯ “як шикасти стратегии бузург барои Амрико ва яке аз бузургтарин бохтҳо аз замони ҷанги Ветнам бошад”, ва ҳамзамон нишон медиҳад, ки “Эрон ба як маркази нави қудрати ҷаҳонӣ табдил меёбад.”
Ин гуна вокунишҳо, ҳарчанд расмӣ нестанд, аммо нишон медиҳанд, ки дар муҳити сиёсӣ ва таҳлилӣ дар Ғарб низ баҳсҳо дар бораи эҳтимоли тағйири мавқеи Амрико ва болоравии нақши Эрон дар минтақа шиддат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф эълон кардааст, ки кишвараш нақши миёнҷигариро дар ин раванд ба уҳда доштааст. Ӯ бомдоди рӯзи чоршанбе гуфт, ки оташбас миёни Эрон ва Амрико аз ҳамин лаҳза ба иҷро медарояд. Ба гуфтаи ӯ, ду ҷониб ба ҳамроҳи муттаҳидонашон барои оташбаси фаврӣ дар тамоми нуқтаҳо, аз ҷумла Лубнон ба мувофиқа расидаанд. Ҳамзамон, Шаҳбоз Шариф аз ҳайатҳои Эрон ва Амрико даъват кардааст, ки рӯзи 10 апрел дар Исломобод барои идомаи музокирот ва дастёбӣ ба як созиши ниҳоӣ ҳузур ёбанд.
Манобеи амрикоӣ низ ишора кардаанд, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ҳамлаҳои худро дар дохили Эрон муваққатан қатъ кардаанд. Дар баробари ин, Исроил аз пешниҳоди оташбаси дуҳафтаии Доналд Тромп ҳимоят намуда, онро ба шарти бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва қатъи ҳамлаҳо аз ҷониби Эрон қабул кардааст, ҳарчанд дар бораи фарогирии Лубнон лар ин созиш ихтилофи назар боқӣ мемонад.
