
Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҳавояш заҳролудтарин
Бар асоси маълумоти мунтазами сомонаи мониторинги сифати ҳаво IQAir, вазъи ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон солҳои охир яке аз масъалаҳои ҷиддии муҳити зист боқӣ мондааст.
Тибқи ҳисоботи соли 2024, миёнаи консентратсияи зарраҳои майдаи PM2.5 дар кишвар ба сатҳи зиёда аз 40 микрограмм дар як метри мукааб расида, чандин маротиба аз меъёри тавсияшудаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд мебошад. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар байни кишварҳои аз ҳама олуда ҷойи баландро ишғол кардааст, ки ин нишон медиҳад мушкил на муваққатӣ, балки сохторӣ аст.
Маълумоти ҷорӣ дар солҳои 2025 ва аввали 2026 низ тағйироти ҷиддии манфиро нишон медиҳанд. Дар фаслҳои зимистон ва баҳор сатҳи PM2.5 дар шаҳрҳои калон, махсусан Душанбе ва Хуҷанд, мунтазам ба сатҳҳои “зараровар” ва баъзан “хатарнок” мерасад. Сабабҳои асосии ин ҳолат истифодаи сӯзишвории пастсифат, афзоиши нақлиёти кӯҳна, камбуди назорати экологӣ ва таъсири омилҳои иқлимӣ, аз ҷумла чанг ва тӯфонҳои минтақавӣ арзёбӣ мешаванд.
Бо вуҷуди ин вазъ, коршиносони ин соҳа бар инанд, ки сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ифлосшавии ҳаво то ҳол ба сатҳи лозима ҷавобгӯ нест. Гарчанде барномаҳо ва изҳоротҳои расмӣ дар бораи “беҳтар кардани муҳити зист” вуҷуд доранд, аммо дар амал назорати воқеӣ аз болои манбаъҳои ифлоскунанда заиф боқӣ мемонад. Меъёрҳои экологӣ аксаран иҷро намешаванд ва шаффофият дар нашри маълумоти муҳити зист маҳдуд аст. Дар бисёр ҳолатҳо, мушкил бештар ҳамчун масъалаи дуюмдараҷа баррасӣ мешавад, на ҳамчун хатари мустақим ба саломатии аҳолӣ.
Аз нигоҳи таҳлилӣ, чунин муносибат метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Тадқиқотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки ифлосшавии ҳаво бо афзоиши бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои дилу раг ва паст шудани сифати зиндагӣ иртиботи мустақим дорад. Дар шароити Тоҷикистон, ки низоми тандурустӣ имкониятҳои маҳдуд дорад, идомаи ин раванд метавонад ба як мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодии дарозмуддат табдил ёбад. Як чунин ҳолат дар кишварҳои мутамаддин қатли ом тавассути ифлоскунии муҳити зист маҳсуб мешавад ва ба ин соҳа миллиардҳо доллар маблағ ҷудо мешавад.
Дар Тоҷикистон бошад, маълумоти солҳои охир нишон медиҳад, ки ифлосшавии ҳаво на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ҳамчун як мушкили устувор боқӣ мондааст. Барои тағйири воқеии вазъ, на танҳо эътирофи мушкилот, балки татбиқи сиёсати ҷиддии экологӣ, назорати муассир ва шаффофияти бештар дар ин соҳа зарур аст. Дар акси ҳол, ин масъала метавонад ба яке аз бузургтарин таҳдидҳо ба саломатии аҳолӣ ва рушди устувори кишвар табдил ёбад.
