
Додгоҳи Латвия шаҳрванди Тоҷикистонро, ки марзшиканӣ карда буд, сафед кард
Додгоҳе дар Латвия як марди дорои шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистон ва Русияро, ки моҳи март бо мошинаш аз гузаргоҳи марзии Терехово миёни Русия ва Латвия ғайриқонунӣ гузашта буд, сафед кардааст. Ба навиштаи Latvijas Avīze, ин шахс дар додгоҳ гуфтааст, ки барои фирор аз сафарбаркунии маҷбурӣ дар Русия ва эҳтимоли фиристода шудан ба ҷанги зидди Украина даст ба чунин иқдом задааст.
Дар бораи ин ҳодиса ва боздошти шаҳрванди Тоҷикистон пештар Паём хабар дода буд. Ҳодиса рӯзи 19 март рух дода, марди тоҷик бо худрави тамғаи Lexus бо суръати баланд ду монеаи марзиро шикаста, аз марзи давлатии Латвия гузаштааст. Барои пешгирӣ аз фирори мошин ва маҷбур кардани он ба таваққуф, марзбонон аз воситаи махсуси боздоштани нақлиёт симхори «хорпуштак» истифода бурдаанд, аммо ронанда ба талаботи мақомот итоат накардааст. Баъдтар ӯро дар ҳудуди минтақаи Иснаудаи ноҳияи Лудза пайдо ва боздошт карданд.
Ба иттилои Latvijas Avīze, ин ҳодиса тавассути камераи насбшуда дар либоси яке аз марзбонон сабт шудааст. Дар навор дида мешавад, ки марзбон аз ронанда талаб мекунад муҳаррикро хомӯш кунад ва ӯро аз эҳтимоли тирпарронӣ ҳушдор медиҳад. Аммо ронанда аз тарафи рост аз назди марзбон убур карда, ҳаракатро идома медиҳад.
Пас аз боздошт маълум шудааст, ки ин мард бо номи Дилшод шинохта мешавад. Ӯ на танҳо шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русия, балки иҷозати иқомати Литваро низ доштааст. Ба иттилои додгоҳ, ӯ доиман дар Литва зиндагӣ карда, ба ҳайси ронандаи мошини боркаш дар масирҳои байналмилалӣ дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо кор мекардааст.
Дар ҷараёни мурофиа Дилшод гуфтааст, ки ҳамсар, чор фарзанди ноболиғ ва волидонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ӯ ҳар моҳ барои онҳо аз 2 то 2,5 ҳазор евро мефиристад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз сафари хонаводагӣ дар моҳи Рамазон, ҳангоми бозгашт ва пеш аз вуруд ба Латвия, дар тарафи Русия кормандони амниятӣ ӯро боздошт карда, санҷиши иловагӣ анҷом додаанд.
Ба гуфтаи айбдоршаванда, ҳарчанд ӯ шиносномаи Тоҷикистонро нишон додааст, кормандони рус аз ӯ пурсидаанд, ки оё шаҳрвандии Русия ҳам дорад ё не. Ӯ вуҷуди шиносномаи русиро эътироф кардааст, вале гуфтааст, ки он ҳамроҳаш набуд. Ба гуфтаи Дилшод, баъдан ба ӯ чанд санад барои имзо пешниҳод карда шуд ва ӯ дар ҷараёни имзо фаҳмидааст, ки яке аз онҳо ба сафарбар шудан барои ҷанг дар ҳайати артиши Русия марбут будааст.
Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки баъд аз дарки вазъият тасмим гирифтааст фирор кунад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз убур аз марзи Латвия низ дарҳол наистодааст, зеро метарсидааст, ки ӯро дубора ба Русия бармегардонанд. Ҳамзамон ӯ иддао кардааст, ки қасди фирори дур надошт ва ҳатто мехостааст дар шаҳри Лудза худро ба пулис таслим кунад.
Дар додгоҳ ин амалҳои ӯ ҳамчун иқдом дар ҳолати зарурати шадид шарҳ дода шудаанд.
Гарчанде прокурор Лига Гедусе аз додгоҳ талаб карда, ки ӯро барои убури қасдонаи ғайриқонунии марз бо истифода аз воситаи нақлиёт гунаҳкор дониста, ба чор моҳ ҳабс маҳкум кунад, аммо додраси додгоҳи Даугавпилс Владимир Исаев ӯро пурра сафед кардааст.
Ба навиштаи Latvijas Avīze, ин ҳукм ҳанӯз метавонад мавриди бозбинӣ ва шикоят қарор гирад.
