Толибон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷои худаш шинонд?
Муносибати осоишта миёни Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон кори осон нест.
Давлати Тоҷикистон аз замони зуҳури Толибон дар миёнаҳои солҳои 1990-ум, онҳоро ҳамчун таҳдид медид. Имрӯз бошад, бо вуҷуди талошҳои маҳдуди ҳарду ҷониб барои барқарор кардани муносибатҳои дӯстона, шиддати низоъ ва ҳодисаҳои хушунатомез дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиш ёфтааст. Кишти зироатҳои дипломатӣ байни ин ду кишвар маълум нест, ки лалмӣ аст ва ё баҳорӣ?
Матлабе бо қалами Брюс Панье, рӯзноманигор, муҳаққиқ ва ҳамкори илмии Барномаи Авруосиё оид ба Осиёи Марказӣ дар Институти Тадқиқоти Сиёсати Хориҷӣ, ки шароити сиёсии кишварҳои Осиёии Марказиро таҳқиқ мекунад, дар пойгоҳи интернетии The Times of Central Asia, нашр шудааст, ки то ҳадде дар он ба ин савол метавон ҷавоб пайдо кард.
Тоҷикистон ва Толибон. Гуфтугӯ ва муқобила
Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон (августи соли 2021) нисбат ба онҳо мавқеи ошкоро мухолиф нигоҳ дошт. Дар он рӯзҳо Толибон назорати пурраи кишварро ба даст оварданд ва ҳарду ҷониб, ҳам Толибон ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон, ба самти марзи муштарак нерӯҳои иловагӣ фиристоданд. Барои поин бурдани таниш, Русия ва Покистон миёнҷигарӣ карданд.
Дигар кишварҳои минтақа, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон пас аз бозгашти Толибон ба қудрат робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор карданд, аммо Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо онҳо худдорӣ намуд. Аз ин рӯ, сафари Муҳаммад Юсуф Вафо, волии вилояти Балхи Афғонистон, ба Душанбе рӯзи 23 октябр як воқеаи ғайриинтизор арзёбӣ шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ин сафари Вафо иттилоъе надод. Танҳо хабаргузории мустақили «Азия-Плюс» бо истинод ба манобеи афғонӣ гузориш дод, ки Вафо бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мулоқот кардааст. Тибқи хабар, ду ҷониб роҳҳои беҳбуди ҳамкориро баррасӣ намуда, ваъда додаанд, ки иҷозат нахоҳанд дод, то «унсурҳои душман» аз ҳудуди онҳо барои ҳамла ё тавтиа алайҳи кишвари ҳамсоя истифода кунанд.
Ба арзёбии манобеи амниятӣ, садҳо ҷангҷӯи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», гурӯҳи иборат аз тоҷикон то ҳол дар Афғонистон фаъоланд. Онҳо дар давраи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз Толибон пуштибонӣ мекарданд ва баъд аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ низ дар он кишвар боқӣ монданд. Гузоришҳо мегӯянд, ки ҷангҷӯёни «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар охири соли 2021 аз ҷониби Толибон ба самти марзи Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, хабарҳо паҳн шуданд, ки Тоҷикистон ба мухолифони Толибон, ба Муқовимати миллии Афғонистон, кӯмак мерасонад ва ин гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз тоҷикони Афғонистон аст, ки алайҳи Толибон ҷанги партизанӣ мебаранд. Роҳбари он Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони маъруфи Ҷанги шаҳрвандии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, аз августи соли 2021 чандин маротиба ба Душанбе омадааст. Ҳатто гуфта мешуд, ки дар моҳи октябри ҳамон сол дар Душанбе дафтари худро боз кардааст.
Баъди сафари Вафо, манобеи Толибон дар вилояти Балх ба сомонаи покистонӣ Khorasan Diary гуфтаанд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Муқовиматро манъ кардаанд. Аммо мақомоти Душанбе чунин иддаоро рад намуданд.
Ин нахустин дидори Ятимов бо намояндагони Толибон нест. Дар моҳи сентябри соли 2024 ӯ ба Кобул сафар карда, бо масъулони амниятии Толибон гуфтугӯ анҷом додааст, гарчанде ҳукумати Тоҷикистон ин дидорро расман тасдиқ накардааст.
Ҳарду ҷониб аз таҳдиди ҷангҷӯёни «Давлати исломии Хуросон» (ДИХ) нигаронанд. Ин гурӯҳ дар Афғонистон мустақар буда, пайваста ба Толибон ҳамла мекунад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони тоҷикӣ маводи таблиғотӣ нашр менамояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба сарнагунии ҳукумат даъват мекунанд.
Дар моҳи майи соли 2022 ҷангҷӯёни ДИХ аз қаламрави Афғонистон чанд мушак ба самти Тоҷикистон партоб карданд. Ин ҳодиса боис гардид, ки мақомоти Тоҷикистон нахустин бор бо Толибон мустақим тамос гиранд. Ба гуфтаи манобеъ, Душанбе барои гуфтушунид Самариддин Чуянзода, корманди собиқи амниятро ба Кобул фиристод, аммо ин сафар аз сӯи ҳукумат ошкоро эълон нашуд.
Вафо ҳамчунин аввалин намояндаи Толибон набуд, ки ба Душанбе омад. Дар моҳи майи соли 2025 Абдулборӣ Умар, раиси ширкати давлатии барқи Афғонистон Da Afghanistan Breshna Sherkat, барои ширкат дар нишасти кишварҳои лоиҳаи CASA-1000 (гузаронидани нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ) ба Душанбе омада буд.
Задухурдҳои шадид дар марз
Бо вуҷуди ин муколамаҳо, аз охири моҳи августи имсол дар як бахши марзи Тоҷикистону Афғонистон ду маротиба миёни марзбонони тоҷик ва ҷангҷӯёни Толибон тирпарронӣ сурат гирифт. Рӯзи 25 октябр, ҳамагӣ пас аз бозгашти Вафо аз Душанбе, чунин даргирӣ дар наздикии як кони тилло дар соҳили афғонии рӯди Панҷ рух дод.
Сабаби даргирӣ то ҳол рӯшан нест. Нашрияи афғонӣ Hashti Subh навишт, ки гӯё кофтани тилло дар тарафи Афғонистон боиси шуста шудани соҳили ҷониби Тоҷикистон гардида, ихтилофро ба вуҷуд овардааст. Дар хабар аз куштаву захмӣ шудани одамон ёд шудааст, вале рақамҳои дақиқ зикр нагардиданд.
Мақомоти ҳеҷ яке аз ду кишвар то ҳол расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ду моҳ пештар, 24 август, дар ҳамин минтақа низ тирпарронӣ сурат гирифта буд, ки бар асари он як ҷангҷӯи Толибон кушта ва чор тани дигар захмӣ шуданд. Манобеъ мегӯянд, он ҳам бо баҳонаи фаъолияти тиллоҷӯён дар тарафи Афғонистон сар зада буд. Сокинони деҳаҳои соҳили ҷониби Тоҷикистон аз хатари баланд шудани сатҳи об шикоят доранд ва мақомоти маҳаллӣ маҷбур шудаанд соҳили дарёро таҳким бахшанд.
Баъди қатъи тирпаронӣ дар моҳи август, фармондеҳи маҳаллии сарҳадии Тоҷикистон бо гурӯҳи хурди марзбонон ба тарафи Афғонистон гузашта, бо намояндагони Толибон дидор кардааст. Аксу наворҳое, ки аз он ҷо паҳн шуданд, нишон медиҳанд, ки онҳо сари як миз нишастаанд. Ин музокирот шиддатро коҳиш дод, аммо ихтилофҳоро пурра ҳал накард.
Хушунат танҳо як бахши марзи ду кишварро фаро гирифтааст, вале он нишон медиҳад, ки таниш миёни Душанбе ва Кобул боқӣ мондааст ва натиҷаи гуфтушунидҳо ноустуворанд.
Дар охири солҳои 1990-ум, замоне ки Толибон нахустин бор дар қудрат буданд, миёни марзбонони тоҷик (ва он замон русҳо нигаҳбони сарҳад буданд) ва ҷангҷӯёни Толибон ҳеҷ гуна даргирии мустақим рух намедод. Вале пас аз соли 2001, тирпаррониҳо бо қочоқбарони маводи мухаддир ба як падидаи маъмул табдил ёфт.
Ба гуфтаи Зафар Самад, директори Оҷонси назорати маводи мухаддир дар назди Президенти Тоҷикистон, танҳо аз аввали соли 2025 то оғози моҳи август даҳ ҳолати даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни афғон сабт шудааст, аммо то ба ин, тирпарронӣ бо худи низомиёни Толибон рух надода буд.
Ба назар мерасад, ҳукумати Тоҷикистон низ, мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, оҳиста-оҳиста воқеиятро мепазирад. Толибон ҳамсояи доимии онҳоянд ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва транзити мол метавонад фоидаи муштарак оварад. Аммо таноқуз дар он аст, ки дар ҳоле ки муколама оғоз мегирад, аз паси он боз садои тиру туфанг баланд мешавад.
Сарҳади Тоҷикистону «дарвозаи Бухоро»
Магар суолбарангез нест, ки ҳар вақт кӯшиши муколамаи расмӣ шуд ва ё ҷонибҳо хостанд расман кореро анҷом диҳанд, дарҳол сарҳад ноором мешавад ва ё задухӯрд ба миён меояд?
Ҳоло бо илова ба ин матлаб як ҳодисаи 5 соли пешро, ки ҳоло ба сари қудрат омадани Толибонро касе тасаввур карда наметавонист, ба ёд меорем. Ҳодисаи гум шудани 49 сар гов ва як аспи бародари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саидмӯъмин Ятимов, дар ноҳияи Фархорро, ки шаби 16-уми январи соли 2020 руй дода буд, тарзе вонамуд карда буданд, ки гӯё говҳо аз чарогоҳ гум шудаанд ва подабон «беэҳтиётӣ» кардааст. Аммо агар ба ин воқеа аз дидгоҳи воқеияти иҷтимоӣ ва заминаи ҷуғрофии он назар афканем, маълум мешавад, ки ин ҳодиса метавонад паҳлӯҳои пинҳон ва амиқтар дошта бошад, аз ҷумла, робита бо шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон.
Ноҳияи Фархор яке аз ҳассостарин минтақаҳои марзии Тоҷикистон аст, ки бо вилояти Тахори Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Марзро рӯди Панҷ ҷудо мекунад, хатти обие, ки солҳои зиёд на танҳо ба ҳайси марзи ҷуғрофӣ, балки ба ҳайси гузаргоҳи қочоқи маводи мухаддир, сӯзишворӣ ва молҳои ғайриқонунӣ шинохта шудааст. Дар чунин минтақа, ҳаракати озоди чорво, бурида шудани симхорҳо ва гузаштани чорво ба он сӯйи дарё, ба эҳтимол, наметавонад танҳо як ҳодисаи тасодуфӣ бошад.
Дар минтақаҳои наздимарзии Фархор, тибқи маълумоти расонаҳои дохилӣ ва манбаъҳои байналмилалӣ, шабакаҳои муташаккили қочоқи маводи мухаддир солҳост фаъолият доранд. Қисме аз ин шабакаҳо бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарафи Афғонистон алоқаманданд ва дар бисёр ҳолатҳо бе ҳамоҳангии мақомоти амниятӣ наметавонанд кор кунанд. Аз ҳамин рӯ, саволи табиӣ ба миён меояд, ки чӣ гуна чорвои шахсии бародари баландпоятарин мақоми амниятии кишвар метавонад дар минтақае, ки вуруди шаҳрвандони оддӣ манъ аст, «гум шавад»? Албатта ин ҳодиса дасти шахси Саймумин Ятимовро дар корҳи криминалии наздисарҳадӣ нишон дод, вале, чизи асосие, ки ин ҳодиса ба намоиш гузошт, ин осебпазирии амнияти сарҳади Тоҷикистон аст. Вақте 47 сар гову як аспро аз дохили кишвар рабуда, аз сарҳад бидуни ҳеҷ мамониате мегузаронанд, магар он сарҳад амният дорад? Магар аз ин сарҳад 500 лашкарро, ки гов не, одам асту чигуна пинҳон шуданро сарфаҳм меравад, наметавон гузаронд?
Ҳама ин барои Тоҷикистон ҷои андеша аст. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон ҷониби Тоҷикистон носанҷидакорона ва назарногирона бо Толибон рафтор кард. Ҳоло бошад, аз муносибатҳои охир дида мешавад, ки аллакай Толибон ба тадриҷ ҷониби Тоҷикистонро ба ҷойи худаш шинонида истодааст. Ин аст, ки мешунавем, ба ихтиёри Толибон сафорати Афғонистон дар Душанбе супорида шуд.
