
Муҳоҷирфиристиро Тоҷикистон бояд аз Қирғизистон омӯзад
Қирғизистон ва шаҳри Санкт-Петербург дар самти беҳтар намудани шароити муҳоҷирони меҳнатӣ ба тавофуқ расиданд.
Ба иттилои Вазорати меҳнати Қирғизистон, мулоқоти муҳим байни намояндаи ин ниҳод Канат Сагинбаев ва муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург Евгений Касюра баргузор гардид. Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо масъалаҳои ташкили шуғли расмии шаҳрвандон, омодасозии онҳо пеш аз сафар ба хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон дар қаламрави Русияро баррасӣ карданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки риояи қонунгузории муҳоҷират, қонунигардонии фаъолияти меҳнатӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии муҳоҷирон аҳамияти калидӣ дорад.

Намояндаи Санкт-Петербург изҳор дошта, ки дар ин шаҳр барои шаҳрвандони Қирғизистон шароити дастрасии содатар ба хизматрасониҳои тиббӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин, зимни вохурӣ роҳандозии платформаҳои онлайн барои пайдо кардани ҷойи кор ва пешниҳоди курсҳои ройгони касбомӯзӣ бо маблағгузории корфармоён аз ҷумлаи тадбирҳои нав арзёбӣ гардидааст.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи созишномаи қаблан имзошуда аз 18 июни соли 2025 як “харитаи роҳ” таҳия карда шавад. Ин ҳуҷҷат ба амалисозии чораҳои мушаххас барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ равона мегардад.

Дар ҳамин ҳол, вазъи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия ҳанӯз ҳам бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Гарчанде мақомоти Тоҷикистон низ тавре вонамуд мекунанд, ки дар сатҳи дипломатӣ талош доранд масъалаҳои муҳоҷиратро баррасӣ кунанд, аммо набудани механизмҳои муассири ҳифзи ҳуқуқ, омодасозии нокифояи муҳоҷирон пеш аз сафар ва набудани дастгирии ҳуқуқӣ боис шудааст, ки шаҳрвандони тоҷик бештар ба нақзи ҳуқуқ, боздошт ва маҳдудиятҳои маъмурӣ ва таҳқир рӯбарӯ гарданд.
Таҷрибаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин кишвар бо истифода аз ҳамкориҳои мустақим бо минтақаҳои калидии Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, тавонистааст механизмҳои амалии ҳифзи шаҳрвандони худро тақвият диҳад. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, курсҳои касбомӯзӣ ва платформаҳои расмии шуғл, ҳамаи ин далелҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати муҳоҷиратии Қирғизистон бештар ҳадафманд ва амалӣ мебошад.
Агар Тоҷикистон ирода дошта бошад, ки вазъи муҳоҷирони худро беҳтар намояд, бояд аз таҷрибаи Қирғизистон истифода карда, сиёсати фаъолтар, муназзам ва ҳимоятгаронаро роҳандозӣ кунад. Зеро дар шароити кунунӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷ на танҳо масъулияти иҷтимоӣ, балки яке аз нишондиҳандаҳои асосии самаранокии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
