
Кони ангишти Шӯроб. Боз як сарвати Тоҷикистон ба дасти Чин гузашт
Дафтари матбуоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон охири моҳи март иттилоъ дода, ки дар шаҳри Исфара бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кони ангишти №8-и минтақаи Шуроб ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи мақомот, ин тарҳ дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръат амалӣ гардида, дар он садҳо ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал зиёда аз 700 нафар дар ин корхона фаъолият дошта, дар оянда шумораи кормандон то ба 1500 нафар расонида мешавад. Тибқи нақша, ҳаҷми истихроҷи ангишт низ босуръат афзоиш ёфта, то соли 2028 ба зиёда аз 1 миллион тонна дар як сол хоҳад расид.
Тибқи гузориш, ҳамзамон, барои фаъолияти корхона инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла шабакаҳои обрасонӣ, биноҳои хизматрасонӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Мақомот ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими иқтидори энергетикӣ ва рушди саноати кӯҳӣ арзёбӣ мекунанд.
Аммо, ҳарчанде дар иттилооти расмии Тоҷикистон зикр нашудааст, ки кони ангишти №8 ба кадом ширкат тааллуқ дорад, аз аксҳои маросими ифтитоҳ ва навиштаҷоти даромадгоҳи корхона равшан дида мешавад, ки ин иншоот ба ширкатҳои марбут ба Чин вобаста мебошад. Навиштаҷоти чинӣ дар даромадгоҳ ва ҳузури намояндагони ширкатҳои чинӣ дар маросим ин нуктаро тақвият медиҳанд.

Мақомот ин гуна тарҳҳоро ҳамчун пешрафти саноатӣ муаррифӣ мекунанд, аммо саволи асосӣ боз мемонад, ки то куҷо ин рушд ба манфиати воқеии мардуми Тоҷикистон хизмат мекунад. Дар ҳолате ки захираҳои табиии кишвар тадриҷан ба дасти ширкатҳои хориҷӣ мегузаранд, нигаронии аз даст рафтани истиқлоли иқтисодӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад.
Коршиносон ва нозирон бар он назаранд, ки чунин лоиҳаҳо аксаран дар доираи густариши нуфузи иқтисодии Чин амалӣ мешаванд. Солҳои охир қисми зиёди конҳо ва захираҳои маъдании Тоҷикистон, аз ҷумла тилло, нуқра, ангишт ва дигар маъданҳои стратегӣ ба ширкатҳои чинӣ вогузор шудаанд.

Тибқи арзёбиҳои гуногун, даҳҳо конҳои муҳими кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон, бо шартҳои дарозмуддат ба ширкатҳои вобаста ба Чин дода шудаанд ва ё гарави қарзҳои ҳангуфти аз бонкҳои Чин гирифтаи ҳукумати Тоҷикистон шудаанд. Бо ин ҳол қисми асосии фоида аз истихроҷи захираҳои миллӣ ба хориҷ интиқол меёбад.
Дар чунин шароит, ифтитоҳи кони нави ангишт дар Исфара на танҳо ҳамчун як тарҳи иқтисодӣ, балки ҳамчун идомаи раванди вогузории сарватҳои миллӣ ба қудратҳои хориҷӣ, аниқтараш тороҷи сарвати миллӣ арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар сиёсати шаффоф ва манфиатноки миллӣ роҳандозӣ нашавад, чунин “пешрафтҳо” метавонанд дар асл ба маънои аз даст додани захираҳои стратегии кишвар бошанд.
