
Афзоиши бахши хусусӣ дар оғози соли 2026: Омор ва воқеият
Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ду моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли бахши хусусӣ дар кишвар ба 1,3 миллиард сомонӣ (ҳудуди 136,3 миллион доллар) расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 дарсад бештар будааст.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар моҳи феврали соли 2026 бахши хусусӣ 773,1 миллион сомонӣ (тақрибан 80,8 миллион доллар) маҳсулот тавлид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба феврали соли 2025 26,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Барои муқоиса, дар моҳҳои январ–феврали соли 2025 афзоиши бахши хусусӣ ҳамагӣ 8,4 дарсадро ташкил дода буд ва танҳо дар моҳи феврали ҳамон сол афзоиш 4 дарсадро ташкил мекард.
Ҳамзамон, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвар, новобаста аз шакли моликият дар ду моҳи аввали соли 2026 ба 3,5 миллиард сомонӣ (365,9 миллион доллар) расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 дарсад бештар мебошад. Танҳо дар моҳи феврали соли равон ҳаҷми сармоягузорӣ 1,95 миллиард сомонӣ (204,8 миллион доллар)-ро ташкил дода, 32,6 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Гуфтанист, гарчанде рақамҳои расмӣ аз “афзоиши назаррас” дар бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ шаҳодат медиҳанд, аммо коршиносон бар онанд, ки ин омор наметавонад воқеияти пурраи иқтисоди Тоҷикистонро инъикос кунад.
Дар шароите ки аксари соҳибкорон аз фишорҳои маъмурӣ, андозбандии шадид, фасод ва дахолати мустақими ниҳодҳои давлатӣ ба дод омада, рӯ ба хориҷи кишвар овардаанд, савол ба миён меояд, ки оё ин рақамҳои нишондиҳандаи “афзоиш” воқеан натиҷаи рушди озоди бахши хусусӣ аст ё танҳо бозтоби лоиҳаҳои наздик ба ҳукумат ва ширкатҳои вобаста ба доираҳои қудратӣ?
Бино ба иттилои расонаҳои ӯзбекӣ, садҳо тоҷирони тоҷикистонӣ тиҷорати худро ба Узбекистон кӯчонидаанд. Ҳамчунин қайд мешавад, ки сармоягузорӣ аз ҳисоби сармоягузорони тоҷик дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш аст.
Дар ҳамин ҳол, набуди шаффофият дар тақсими сармоягузориҳо ва дастрасии маҳдуди соҳибкорони мустақил ба манбаъҳои молиявӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам озод ва рақобатпазир нест.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, то замоне ки муҳити соҳибкорӣ ислоҳ нашавад ва ҳифзи ҳуқуқи моликият таъмин нагардад, ҳар гуна “афзоиши оморӣ” наметавонад инъикосгари беҳбуди воқеии иқтисоди кишвар ва зиндагии мардум бошад
